Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи аввал: «Саройкамар» пешсаф аст


Бозиҳои даври 5-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Саройкамар»-и Панҷ дар майдони худ бар дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 5:2 ғалаба кард. «Ҷавонон»-и Турсунзода дар сафар «Ҳулбук»-и Восеъро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. «Рангонгаз»-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳам дар меҳмонӣ «Локомотив»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. Бозии «Зарафшон»-и Панҷакент бо дастаи меҳмон - РШВСМ-и Душанбе бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Вале «Барқ»-и Норак ба бозӣ бо тими мизбон - «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ ҳозир нашуд. Бинобар ин «Панҷшер» бо ҳисоби 3:0 ғолиб дониста шуд.

Бад-ин тартиб дар ҷадвали мусобиқа «Саройкамар» бо 15 имтиёз дар ҷои аввал, «Ҷавонон» бо 10 имтиёз дар ҷои дуюм ва «Панҷшер» бо 9 имтиёз дар ҷои сеюм мебошанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 20-уми июн

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Саройкамар» (Панҷ)

5

5

0

0

13-5

15

2.

«Ҷавонон» (Турсунзода)

4

3

1

0

14-5

10

3.

«Панҷшер» (Румӣ)

5

3

0

2

17-6

9

4.

«Хайр» (Ваҳдат)

5

2

2

1

14-10

8

5.

«Рангонгаз» (Рӯдакӣ)

5

2

1

2

6-12

7

6.

«Локомотив» (Душанбе)

5

2

0

3

4-7

6

7.

«Ҳулбук» (Восеъ)

5

2

0

3

10-14

6

8.

«Барқ» (Норак)

5

1

1

3

5-13

4

9.

«Зарафшон» (Панҷакент)

5

0

2

3

4-9

2

10.

РШВСМ (Душанбе)

3

0

1

2

3-8

1


Беҳтарин голзанҳо: Дилшод Табаров («Хайр») ва Саймурод Юнусов («Панҷшер») - 6-голӣ.

Бозиҳои даври 6-ум: 20-уми июн - «Ҳулбук» - «Локомотив», «Рангонгаз» - РШВСМ, «Хайр» - «Зарафшон», 21-уми июн – «Барқ» - «Саройкамар», «Панҷшер» - «Ҷавонон».
XS
SM
MD
LG