Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пойтахти Эрон 7 нафар кушта шуданд


Расонаҳои давлатии Эрон мегӯянд, дар ҷараёни эътирозҳои ахир дар ин кишвар, ки дар пайи эълони пирӯзии баҳсбарангези раиси кунунии он ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12 июн буруз карданд, 7 нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба хабарҳо, ин 7 нафар бар асари тирандозие кушта шуданд, ки дар пайи ҳамлаи издиҳом ба як посгоҳи низомӣ дар атрофи маҳалли раҳпаймоии эътирозӣ ба вуқӯъ пайваст.
Рӯзи душанбе, дар рӯзи севвуми эътирозҳои аз замони инқилоби исломии соли 1979 барои Эрон бесобиқа, садҳо ҳазор нафар ба кӯчаву хиёбонҳои Теҳрон рехтанд.
Бино ба хабарҳо, дар шаҳрҳои дигари Эрон низ раҳпаймоиҳои эътирозӣ сурат гирифтаанд.
Номзади мағлуб Мирҳусайн Мӯсавӣ ба далели вуҷуди тахаллуфоти фаровон расман хостори бознигарии натоиҷи интихоботи 12 июн шудааст. Тарафдорони ӯ мехоҳанд, имрӯз низ дар Теҳрон раҳпаймоии эътирозӣ барпо кунанд.
Қарор аст, имрӯз дар пойтахти Эрон тарафдорони Маҳмуди Аҳмадинажод низ гирди ҳам биоянд.
Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ки ибтидо пирӯзии Аҳмадинажодро табрик гуфт, рӯзи душанбе аз Шӯрои нигаҳбон, як ниҳоди пурнуфуз дар низоми Ҷумҳурии исломӣ, хост, ба таҳқиқи шикоёти мабнӣ ба вуҷуди тахаллуф дар ҷараёни интихобот бипардозад.
XS
SM
MD
LG