Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳсил ва зиндагӣ бо чойпулӣ


Агар шумо дар яке аз тарабхонаву қаҳвахонаи Амрико ғизо хуред ва ё танҳо нӯшокие бинӯшед, бар иловаи арзиши маводи харидорӣ кардаатон бояд ҳатман як миқдор маблағи иловагӣ гузоред, ки он тип, чойпулӣ ва ё ҳадя ба ҳисоб меравад.

Додани тип ё ҳадя нишони миннатдории муштарӣ аз ходим аст ва аз солҳои қадим дар Амрикову Канада маъмул гашта ба одати доимии мардуми ин сарзамин табдил ёфтааст. Ҳарчанд додани чойпулӣ ба пешхизмату ё дигар кормандони марказҳои дилхушӣ ва тарабхонаҳо маъмул аст, аммо барои намояндагони дигар соҳаҳои хизматрасонии маиши низ ин маблағ иловатан пардохт мегардад.

Ҳаҷми тип муайян нест. Одатан онро бо назардошти даҳ дарсади баҳои ғизои харидорӣ шуда ва ё мувофиқ ба ҳиммати ҳар кас тақдим мекунанд. Маблағҳои аз ҳисоби ҳадя ҷамъшуда моли хизматарсон аст ва корфармо ҳаққи ситонидани онро надорад, аммо бисёре аз онҳо бо назардошти даромади бевоситаи кормандони хеш баҳои маоши аслиро шартан коҳиш медиҳанд, чун даромади коргар метавонад ба маротиб аз маоши муайян гардида зиёд бошад.

Лорри Ганст, нависанда ва рӯзноманигори Амрико, дар ин замина мегӯяд, ҳарчанд вазъи ба вуқӯъ омада ба ҳаҷми мукофотпулии муштариён бетаъсир нест, аммо ин фарҳанги амрикоӣ ба хусус дар замоне, ки ҷомеа рӯ ба рӯи бӯҳрони шадиди молӣ аст, барои сокинони Амрико муҳим ва мададрасон арзёбӣ мешавад.

Хонум Ганст меафзояд, одатан ӯ дар тарабхона 20 дарсад ва барои ронандаи такси 10 доллар изофапулӣ медиҳад. Вай мегӯяд, “ба додани мукофотпулӣ ҷомеа чунон одат кардааст, ки бархе аз соҳаҳо ба хусус пешхизматҳои тарабхона ба ин маблағ сахт вобастаанд, яъне даромади аслии онҳо ҳадяпулиҳо мебошанд. Ба назари ман ҳавасманд кардани нафаре, ки барои шумо хизматрасонии хубро фароҳам овард ва шуморо лаҳзае шод кард, муҳим аст. Ман дар оилаи бисёр саховатманд ба воя расидам, падари ман доимо иловатан 100 дарсад мукофотпулӣ мегузошт. Аммо ӯ ба ман тавсия дод, кӯшиш кунам аз 40 дарсад зиёд мукофотпулӣ надиҳам, чун ба бод додани маблағ низ кори хуб нест. Аммо агар ман хизматарсонии босифат ва самимиро бубинам, дар додани ҳадя хасисӣ намекунам”.

Фарҳанги додани мукфотпулӣ дар Амрико барои аксари сокинон, ба вижа ҷавонон, донишҷӯёни дохиливу хориҷӣ ва муҳоҷирон мояи аслии даромад ва рӯзгузаронӣ ба ҳисоб рафта, барои ёфтани мавқеи худ дар ҷомеа, идомаи таҳсил, амалӣ намудани барномаҳои зиндагӣ ба аксари онҳо мусоидат мекунад.

Намӣ, духтари тайландӣ, мегӯяд, дар баробари таҳсил дар яке аз тарабхонаҳо кор мекунад ва воситаи зиндагиаш дар Амрико ҳадяпулиҳоеанд, ки дар як рӯз дасти кам аз 200 то 300 долларро ташкил медиҳанд ...
Намӣ, духтари 20-солаи тайландӣ, ки тайи 8 моҳ аст дар Ню Йорк ба сар мебарад ва дар баробари таҳсил дар яке аз тарабхонаҳо кор мекунад, мегӯяд, дар ватани ӯ додани мукофотпулӣ ба хизматрасон роиҷ нест, аммо воситаи аслии зиндагиаш дар Амрико ҳамин ҳадяпулиҳоеанд, ки дар як рӯз дасти кам аз 200 то 300 долларро ташкил медиҳанд.

Намӣ гуфт, “одатан мизоҷон панҷ доллар медиҳанд, аммо онҳое, ки бо корти бонкиашон пардохт мекунанд, тибқи маъмул пули бештар ҳадя мекунанд. Дар тарабхонае, ки ман кор мекунам, хеле серодам аст ва аз ин рӯ дар як рӯз даромадам зиёд мешавад. Дасти кам аз 200 то 300 доллар даромади доимии ҳаррӯзаам аст. Аммо вазъ на дар ҳамаҷо яксон аст, бархе аз тарабхонаҳое ҳастанд ки дар як рӯз ба онҷо ҳатто касе намеравад ва дар чунин рӯзҳо пешхизматҳо ҳатто бе як долар ба хона бармегарданд. Додани тип ин ҷо ҳатмист, агар баъзе аз муштариён пули иловагӣ нагузоранд, ман аз пасашон меравам ва мегӯям, ки онҳо тип надодаанд. Чун ин ҳаққи ҳалоли ман аст ва ман дар як рӯз даҳ соат кор мекунам”.

Аммо дар ҳамин ҳол ҳастанд нафароне, ки ин одати амрикоиро хуш қабул намекунанд ва мегӯянд, ин бад аст, вақте ба харидор нахуст баҳои арзон пешниҳод мешавад, аммо дар асл бар иловаи қиммати андоз, ҳақи тарабхона ва мукофотпулӣ бояд маблағи дигарро пардохт кунад. Мария, як ҷавони амрикоӣ мегӯяд, бисёриҳо ба гирифтани мукофотпулӣ чунон одат карданд, ки агар мабодо онро надиҳед аз шумо меранҷанд. Мария меафзояд, “илова гаштани ин ҳама андозҳо баҳои маҳсулотро ба маротиб гарон мекунад. Аз ин рӯ ман бисёр дар кӯча ғизо намехурам”.

Дар ҳамин ҳол бархе аз ҷавонони хориҷӣ ин фарҳанги амрикоиро дӯст доштаанд ва мегӯянд, тибқи одат акнун дар кишварҳояшон, ки додани ҳадяпулӣ маъмул нест, ин фарҳангро дар ватан идома хоҳанд дод.

Ҷой, донишҷӯи дигар, дар ин замина гуфт, “додани тип маҷбурӣ нест, шумо он қадаре медиҳед, ки ба шумо писанд аст ва ман онро дар кишварам идома хоҳам дод. Барои мисол, агар ман ба тарабхона равам, ҳатман ҳадяпулӣ мегузорам. Агар ин корро накунам, худро бад ҳис мекунам”.

Додани ҳадяпулӣ нишони эҳтиром ва қаноатмандии мизоҷ дониста мешавад, мегӯяд Ира - ҷавони дигар. Ӯ гуфт, ҳар қадар ҳадяпулӣ зиед бошад, ҳамон қадар эҳтимоли аз нав рӯ овардани муштарӣ ба хизматрасонии шумо бештар аст. Ира меафзояд, “агар маро ранҷонанд ва ё хизматрасонӣ бад бошад, ман эҳсоси худро бо нагузоштани тип баён мекунам. Додани ҳадяпулӣ кормандони соҳаи хизматарсониро барои беҳтар кардани сифати кор ҳавасманд мекунад. Мутаассифона, дар кишвари ман - Белорус ин фарҳанг маъмул нест ва одамон одатан маош мегиранд”.

Фарҳанги додани тип барои амрикоиён одат ва қоидаҳои махсусро дорад, бархе аз ҷомеашиносон бо назардошти одати мардуми тавсияҳои хешро дар мақолаву китобҳои гуногун иброз доштаанд. Коршиносон мегӯянд, додани мукофотпулӣ хуб аст, зеро он имкони идора кардани сифати хизматрасониро ба муштарӣ медиҳад. Тибқи қоида ҳолатҳое метавонанд мавҷуд бошанд, ки он ба маблағи мукофот бояд таъсир кунад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ аслан нагузоштани ҳадя тавсия намешавад.
XS
SM
MD
LG