Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Фаронсаву Олмон аз вазъи Эрон


Фаронса ва Олмон – ду кишвари умдаи Аврупо аз вазъи пешомада дар Эрон изҳори нигаронии амиқ кардаанд.
Вазири умури хориҷии Фаронса Бернар Кушнер гуфт, таъқиби “бераҳмона”-е, ки мақомоти Эрон алайҳи мухолифини худ ба роҳ андохтаанд, ҳама дарҳоро барои гуфтугӯ мебандад. Кушнер ба хабарнигорон гуфт, раҳбарони Эрон тавассути хушунат ба чизе даст нахоҳанд ёфт.
Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер дар Берлин саркӯб кардани эътирозҳо дар Эронро “ғайриқобилиқабул” номид ва гуфт, ки таҳаввули вазъ дар он кишварро мӯшикофона пайгирӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG