Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман 9 хориҷиро рабудаанд


Мақомоти Яман мегӯянд, чирикиҳои шиъа 9 шаҳрванди хориҷиро, ки ағлабаш занону кӯдакон будаанд, рабудаанд.
Хабаре, ки дар сомонаи интернетии вазорати дифоъи Яман нашр шуд, мегӯяд, аз ин 9 тани рабудашуда 7 нафараш шаҳрванди Олмон ва дуи дигар аз Бритониё ва Кореяи ҷанубӣ буда, дар як бемористони маҳаллӣ дар вилояти Саъда дар шимоли Яман кор мекарданд.
Рабудани хориҷиён дар Яман зуд-зуд иттифоқ меуфтад ва раҳбарони қабоил аз ин гаравгонони хориҷӣ одатан ба хотири фишор овардан ба давлат истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG