Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

41 номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон


Мақомоти интихоботии Афғонистон феҳрасти ниҳоии номзадҳо ба интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро муаррифӣ карданд. Дар интихоботи рӯзи 20 август, ба ин тартиб, раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзай бо 40 номзади дигар вориди рақобат хоҳад шуд. Дар интихоботи соли 2004 19 номзад вориди мубориза шуда буд.
Раҳбари куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон Азизуллоҳ Лодин гуфт, ба назари ӯ, аксари номзадҳо шоистаи мақоми раёсатҷумҳурӣ нестанд ва дониш ва таҷрубаи кофии раҳбарӣ низ надоранд, вале қонун ба онҳо низ ҳаққи ширкат дар интихоботро додааст.
XS
SM
MD
LG