Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон дар муқобили зукоми хук


Зукоми мурғ то кунун дар ҷаҳон 28 000 нафарро гирифтор кардааст ва боиси марги беш аз 141 нафар шудааст
Зукоми мурғ то кунун дар ҷаҳон 28 000 нафарро гирифтор кардааст ва боиси марги беш аз 141 нафар шудааст

Рӯзи панҷшанбе, 11-уми июн, дар кишвари Гватемала як навраси 12-сола аз маризии зукоми хук аз олам даргузашт.

Ин аввалин қурбонӣ аз миёни 74 сироятёфтаи зукоми хук дар ин кишвар аст. Селсо Серезо, вазири тандурустии Гватемала гуфт, ки бар асари ин маризӣ шоми чаҳоршанбе гурдаҳои ин тифл аз кор мондаанд. Созмонҳои байнулмилалӣ саъй доранд, ки аз табдил ёфтани зукоми хук ба пандемия ё сирояти саросарӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Зукоми хук моҳи апрели соли равон дар Мексика ва Иёлоти Муттаҳида ошкор шуд. То кунун наздик ба 28 000 нафар дар беш аз 70 кишвари олам ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ки бар пояи омори тасдиқшуда то имрӯз 141 нафар дар саросари олам дар пайи ин бемории шадид, ба ҳалокат расидаанд.

Аммо вазъ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Сирояти ин вирус то куҷо имконпазир аст ва оё мардуми кишвар дар бораи ин бемории марговар иттилоъ доранд?

Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд, хушбахтона, дар қаламрави кишвар ҳанӯз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки ба мардум хатаре таҳдид намекунад. Аз ин хотир, меафзояд Аъзам Мирзоев, аз ҷониби вазорати тандурустӣ ва дигар ниҳодҳои масъул барномаҳо ва ё тадобири мушаххас дар роҳи пешгирӣ аз сирояти ин беморӣ пиёда мешавад.

Вай афзуд, «Қариб дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ мо бригадаҳои зудамали тиббӣ созмон додаем, ки эҳтимоли пайдоиши ин вирусро назорат мекунанд. Захираи доруву дармон ва васоили ташхиси зукоми хукро мо дар даст дорем. Дар фурӯдгоҳи пойтахт ва шаҳрҳои дигар, инчунин истгоҳҳои роҳи оҳан мо пунктҳои тиббӣ ташкил кардем, ки аз ҳолати мусофирони ба Тоҷикистон меомада ҳанӯз ҳангоми парвоз дар ҳавопаймо огоҳ мешавем ва баробари фаромадан агар таб дорад ё ягон нишонаи ин вирусро мушоҳида кардем, зуд ӯро аз дигарон ҷудо карда мавриди ташхис қарор медиҳем.”

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон ва шаҳрвандон бозору марказҳои фурӯши ғизо ва мактабу дигар ҷойҳои серодамро осебпазир медонанд, зеро дар ин ҷойҳо ҳолати санитарӣ ё беҳдоштӣ ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашудааст ва васоити ахбори умум низ дар бораи ин беморӣ иттилои зарурӣ пахш намекунанд.

Марзия, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки ӯ хонанишин аст ва ҳар ҳафта қариб тамоми рӯзномаҳоро мехонад ва барномаи телевизионро тамошо мекунад. Аз нигоҳи ӯ, дар рӯзномаҳо матолиберо дар робита ба ин беморӣ вонахӯрдаст, аммо тариқи телевизиони Тоҷикистон, чанд барнома ва рекломро дар мавриди зукоми хук ва мурғ тамошо кардааст:

Марзия мегӯяд, “ҳар кас бояд худаш эҳтиёт кунад. Шахсан ман ҳаргиз фарзандонамро намегузорам дасти ношуста чизеро ба даҳон баранд ва дар бозор, ки он қадар ба тозагӣ аҳамият намедиҳанд, ҳангоми хариди маводи хурданӣ бисёр эҳтиёт мекунам”.

Аммо Маърифат, як сокини ноҳияи Ҳисор, мегӯяд, ӯ ва аҳли хонаводааш фақат иттилое андаке доранд, ки чунин як беморӣ дар ҷаҳон пайдо ва боиси марги одамон шудааст. Вай меафзояд, “ман ба қарибӣ дар бораи зукоми хук дар як барнома аз телевизиони Русия дидам ва фаҳмидам, ки чунин беморӣ дар олам пайдо шудааст. Дар бораи зукоми мурғ медонистам, аммо дар бораи ин беморӣ хабар надоштам. Лекин ман аз ин беморӣ наметарсам, чунки мардуми мо гушти хук намехӯранд, аз куҷо ба инҷо меояд зукоми хук?”

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, ки хатари пайдоиши зукоми хук дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар қиёс бо зукоми мурғ камтар аст. Бархе ба ин назаранд, ки чун бо тақозои дину мазҳаб истеъмоли гӯшти хук дар Тоҷикистон манъ аст, шояд ин маризӣ дар кишвар аслан зуҳур накунад, аммо пизишкон мегӯянд, мушкил дар он аст, ки зукоми хук на аз гӯшт, балки аз одам ба одам сироят мекунад.

Ба гуфтаи мутахассисони бахши беҳдошт, манбаи аслии сирояти зукоми хук дар Тоҷикистон меҳмонону сайёҳони хориҷиянд, ки таври маъмул, асосан тобистон ба Тоҷикистон меоянд.
XS
SM
MD
LG