Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъду барқ як модари қирғизро кушт


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, рӯзи чаҳоршанбе дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод як сокини ин вилоят бар асари задани барқ, ё оташак ҳалокат шудааст. Ба гуфтаи вазорати ҳолатҳои фавқуллода, модари се фарзанди хурдсол, Латифахон Абдухолиқова ҳангоми кор дар киштзораш зери зарбаи барқ мондааст. Дар ду моҳи ахир ба гуфтаи мақомот се нафар сокинони манотиқи ҷанубии Қирғизистон ба чунин мусибат гирифтор шудаанд. Қаблан дар ноҳияи Қароқулҷаи вилояти Ӯш як зан бар асари задани оташак ҳалок шуд ва ҳамин гуна дар моҳи як духтари 14-сола.
XS
SM
MD
LG