«Истиқлол» дар бозии ҷавобии ҳаштякниҳоӣ, ки 10-уми июн дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, бар тими «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Ҳарду гол дар нимаи дуввуми бозӣ зада шуд. Дилшод Восиев дар дақиқаи 57-ум ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 62-юм яуе аз бозигарони «Гвардия» дар майдончаи ҷаримавӣ бо даст бозӣ кард. Сардовар Ориф Ҷӯраев ҷаримаи 11-метра таъин намуд. Рустами Эмомалӣ тӯбро аз пенолти ба ҳадаф расонда, ҳисобро афзун кард.
Бозии аввали ҳаштякниҳоӣ низ бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 3:1 хотима ёфта буд.
Бад-ин тартиб «Истиқлол» дар даври чаҳорякниҳоӣ бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозӣ хоҳад кард. Бозии аввал 13-уми июн дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва бозии ҷавобӣ 16-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали чаҳорякниҳоӣ «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар «Энергетик»-и Душанбе ва «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат дар майдони худ бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуда буданд. Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоӣ миёни дастаҳои «Энергетик» - «Хуҷанд» ва ССКА «Помир» - «Хайр» 13-уми июн баргузор хоҳанд шуд.