Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбекҳо дар марз бо қирғизҳо хандақ мекананд


Мақомоти интизоимии Ӯзбекистон ҳафтъаи ҷорӣ дар имтидоди марзи миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба кандани хандақҳо шурӯъ кардаанд. Мақомоти Ӯзбекистон гуфтаанд, ҳадафи онҳо аз кандани чунин хандақҳо ин аст, ки аз убуру мурури бегонагон ба хокашон пешгирӣ кунанд. Аммо мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ки онҳо аз чунин рафтори Ӯзбекистон нигаронанд. Марзбонони қирғиз мегӯянд, то замоне, ки аломатгузории марзҳо ба поён нарасад, ҳеҷ як аз тарафҳо иҷоза надорад дар имтидоди марз чунин корҳоро анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG