Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Ироқ дар мавриди раъйпурсӣ тасмим гирифт


Алӣ Ал-Даббоғ, сухангӯи ҳукумати Ироқ изҳор намуд, ки 30 январи соли 2010 дар робита ба созиш миёни Вошингтон ва Бағдод оиди ҳузури низомии Амрико дар кишвар референдум ё раъйпурсӣ баргузор хоҳад шуд. Ин раъйпурсӣ тақрибан як сол баъд аз имзои созише доир мешаванд, ки тибқи он низомиёни ИМА бояд то охири соли 2011 Ироқро тарк намоянд. Раъйпурсӣ якҷоя бо интихоботи умумиироқӣ баргузор мешавад, то ки, ба гуфтаи Алӣ Ал-Даббоғ, “вақт ва маблағ сарфа шавад”.
XS
SM
MD
LG