Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кака "Милан"-ро тарк мекунад


Имрӯз хабари аз тими “Милан” ба дастаи “Реал”-и Мадрид гузаштани футболбози маъруфи бразилиягӣ Кака расман тайъид шуд. . Тибқи созиши ҳосилшуда, дастаи "Реал" ин ситораи футбол 65 миллион евро пардохт хоҳад кард. Зимнан, ин яке аз бузургтарин трансфертҳои солҳои ахир ва, ба вижа, баъд аз сар задани бӯҳрони ҷаҳонии молӣ маҳсуб мешавад. Ёдовар мешавем, ки соли 2001 “Реал” барои футболбози машҳур Зинатиддин Зидан ба дастаи "Ювентус" 73 миллион евро пардохт карда буд.
XS
SM
MD
LG