Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА хостори эҳёи музокироти сулҳи Ховари Миёна аст


ИМА хостори аз сар гирифтани музокироти сулҳ миёни Исроилу Фаластин ва дастёбӣ ба пешрафт дар ин музокирот аст. Ба ин нукта имрӯз Ҷорҷ Митчел, фиристодаи вижаи ИМА дар умури Ховари Миёна таъкид кард. Ҷорҷ Митчел, ки имрӯз вориди Исроил шуд, бо сарвазири ин кишвар Бенямин Нетаняҳу музокирот анҷом медиҳад. Рӯзи чаҳоршанбе мулоқоти фиристодаи вижаи ИМА бо Маҳмуди Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, дар назар аст.
Аз ин пеш Бенямин Нетаняҳу эълом дошт, ки ҳамин ҳафта дар робита ба ҳалли мусолиматомези қазияи Ховари Миёна ва амнияти Исроил изҳороти сиёсӣ пахш хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG