Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камаш 4 фаластинии мусаллаҳ ба қатл расиданд


Имрӯз дар як бархӯрд миёни нерӯҳои исроиливу ҷангҷӯёни фаластинӣ дар марз бо минтақаи Ғазза камаш чор фаластинӣ ба қатл расиданд. Дар хабарҳо гуфта мешавад, ки гурӯҳи фаластиниҳои мусаллаҳ кӯшиш дошт марзи миёни Ғаззаву Исроилро убур кунад, вале бо муқовимати нерӯҳои Исроил рӯ ба рӯ шуд. Бар пояи иттилои артиши Исроил дар ин бархӯрд ягон сарбози исроилӣ ҷароҳат набардошт. То кунун касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Аз замони таваққуффи амалиёти низомии артиши Исроил дар минтақаи Ғазза, яъне аз 18-уми январ ба ин тараф, бархӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Ғазза коҳиш ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG