Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҷонибдори музокироти сулҳи Ховари Миёна аст


Фиристодаи ИМА дар Ховари Миёна Ҷорҷ Митчел мегӯяд, президенти ИМА Барак Обама тарафдори музокироти " билофосила"-и сулҳ миёни фаластиниҳо ва Исроил мебошад. Митчел афзуд, ҳадаф аз чунин музокирот "сулҳи фарогир ва беҳбуди равобит" миёни Исроил ва ҳамсояҳояш мебошад, ки он ҳамчунон "ҷавобгӯи манфиатҳои амниятии ИМА" аст. Рӯзи душанбе дар роҳ ба Ховари Миёна Митчел дар кишвари Норвегия дар конфронси кишварҳои кумакрасони фаластиниҳо ширкат варзид.
XS
SM
MD
LG