Пайвандҳои дастрасӣ

Се донишҷӯи тоҷик аз Миср ихроҷ карда шуд


Ал-Азҳар яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои мазҳабӣ дар ҷаҳони Ислом маҳсуб мешавад

Мақомоти интизомии Қоҳира се тан аз донишҷуёни тоҷикро, ки дар донишгоҳи исломиии Ал-Азҳар таҳсил мекарданд, аз қаламрави Миср ихроҷ карданд.

Сухангуи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ин се тан - Шавкат Кимсанов, Хуршед Эрматов ва Аламшо Шарифов донишҷуёни донишгоҳи Ал-Азҳари Миср буданд ва пас аз ихроҷ феълан дар Маскав мебошанд.

Интизор мерафт, ки панҷ донишҷӯ аз Миср ихроҷ мешуд. Ба қавли сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, эҳтимол дорад дар мавриди ду тани дигар - Фаридун Гулов ва Идибек Зиёвуддинов таҷдиди назар шавад. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ин афрод аз роҳи вазорати маорифи Тоҷикистон ба донишгоҳи Миср фиристода нашудаанд, балки мустақилона донишҷӯи донишгоҳи Ал-Азҳар шудаанд.

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Миср шаби 27 ба 28 майи соли равон дар пайи як амалиёти вижаи мақомоти амниятии Миср сурат гирифт. Мақомоти амниятии Миср дар пайи як рейди вижа дар маҳалли зисти дастҷамъонаи донишҷӯёни хориҷӣ Қоҳира ҳудуди 150 нафарро боздошт карданд, ки 15 нафари онҳо тоҷик ва бақия доғистониву ингушу чеченҳои Русия, қазоқҳо, озариҳо, ӯзбакҳо ва ҳатто аврупоиҳо буданд.

Сабаби боздошти онҳо, ки ҳама донишҷӯ будаанд, тафтиши навбатии асноди хориҷиён дар Миср будааст. Баъдан аз 15 донишҷӯи тоҷик 10 нафар раҳо ёфта, аммо 5 нафар ҳамчунон таҳти боздошт боқӣ монданд.

Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Миср, ҳоло дар макотиби олии ин кишвар 600 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG