Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоше барои шинохти Бедил


Шоир ва муҳаққиқи ҷавони тоҷик Нуралии Нурзод натиҷаҳои пажуҳишҳои чандинсолаи худро дар шинохт ва маърифати шеъри Бедил дар рисолае таҳти унвони «Фурӯғи фитрати маънӣ» дар шаҳри Хуҷанд ба нашр расонд.

Мирзо Абдулҳодири Бедил – шоир ва мутафаккири асри 17 – и адабиёти тоҷику форс дар радифи Фирдавсиву Ҳофиз аз серхонандатарин шоирони тоҷик маҳсуб меёбад, ки шеърдӯстон ашъори онҳоро дар ҳалқаву маҳфилҳо то имрӯз мехонанд ва маъникушоӣ мекунанд.

Нуралии Нурзод дар китобаш бо хонандаи имрӯзи тоҷик бо забони соддаву фаҳмо дар бораи тарзу роҳҳои маърифат ва калиди кушоиши маъниҳои шеъри мушкилфаҳми Бедил суҳбат мекунад ва ба абёте чанд аз ашъори Бедил шарҳ низ бастааст.

Хабарнигори мо дар шаҳри Хуҷанд Маъсуми Муҳаммадраҷаб дар шаҳри Хуҷанд бо муаллифи китоби «Фурӯғи фитрати маънӣ» суҳбат ороста, нахуст аз ӯ дар бораи мояи таваҷҷуҳи хонандагон ба шеъри душворфаҳми Бедил дар асри 21 пурсон шуд.
XS
SM
MD
LG