Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи 1 миллиард доллар сармоягузории Чин


Тоҷикистон ва Чин шаш санади ҳамкорӣ дар соҳоти энержӣ, илм ва саноат ба имзо расониданд.

Ахиран, дар Душанбе, раисҷуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чинро, ки бо сарварии узви Шӯрои сиёсии он Ван Летсюан ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот кард.

Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, муносибатҳо бо Чин аз афзалиятҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва Тоҷикистон дар таҳким ва густариши минбаъдаи ин робитаҳо манфиатдор аст. Дар ин дидор бунёди як минтақаи нақлиётию тиҷоратӣ дар ноҳияи Мурғоб ва азнавсозии роҳи мошингарди он то шаҳри Хоруғ зарур шумурда шуд. Ван Летсюан изҳор доштааст, ки роҳи мошингарди Қошғар-Қулма-Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе барои Чин низ бисёр муҳим аст ва онҳо дар сохтмону азнавсозии он саҳми худро мегузоранд.

Пас аз анҷоми ин дидор миёни Тоҷикистон ва Чин шаш санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Сомонаи расмии раисҷумҳури Тоҷикистон феҳраси санадҳои имзошударо бад ин тариқ овардааст:

• Созишнома миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА» – и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи сохтмони нерӯгоҳи обии Нуробод – 1 дар дарёи Хингоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Созишнома миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА» – и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе;
• Созишнома миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати илм ва техникаи ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин;
• Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои «Байналхалқии Тачин оид ба захираҳои моддии СУАР» ва «Сан Бао»- Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони як корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 1млн. тонна;
• Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Зеркомиссия миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян - Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назди Комиссияи муштаракаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ;
• Қарордод миёни ШСХК Барқи Тоҷик ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА» – и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳаҷми иловагии корҳо доир ба сохтмони хаттҳои барқии 220 киловолтаи Лолазор – Хатлон ва 500 киловолтаи Ҷануб – Шимол.

Бино бар омори расмӣ, дар соли 2008 ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Чин ба 1 миллиарду 250 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва дар семоҳаи якуми соли равон, сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 84% афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ин ҳайат ба Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 580 ҳазор юани чинӣ таҷҳизоти барқии офтобӣ ва лампаҳои каммасрафи барқӣ ҳадя гардидааст.
XS
SM
MD
LG