Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон – соҳиби «Медали тиллои ФИАС»


Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, бо қарори Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбои ҳаваскорӣ (ФИАС) барои мусоидати ҳамаҷонибаи шахсӣ ҷиҳати рушди самбо дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ бо мукофоти олии самбои байналмилалӣ «Медали тиллои ФИАС» сарфароз шуд.

Дар ин бора раиси Федератсияи самбои Осиё Фазлиддин Пӯлодов дар кунграи ин Федератсия, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, хабар дод.

Воқеъан, дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, бо шумули беш аз 30 варзишгар ширкат меварзад.

Ба иттилоъи Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, дар сабқати минтақавӣ байни наврасону ҷавонон ва бузургсолон ҳудуди 500 варзишгар аз 20 кишвари қора иштирок мекунанд.
XS
SM
MD
LG