Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия то поёни сол ба Созмони тиҷорат мепайвандад


Иттиҳодияи Аврупо ва Русия тавофуқ карданд, ки азми Маскав барои пайвастан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат бояд то поёни соли ҷорӣ такмил шавад. Куммиссари тиҷорати ИА Катерин Эштон гуфт, чунин тавофуқ дар мулоқоти ӯ бо вазири иқтисоди Русия Элвира Набиуллина дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ дар Санкт-Петербург ба даст омад. Русия аз ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта талош дорад, ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ки феълан 153 кишварро фаро мегирад, бипайвандад. Русия дар ҳоли ҳозир танҳо қудрати бузурги иқтисодист, ки узви ин созмон нест.
XS
SM
MD
LG