Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз Миср ба Олмон рафт


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар пайи анҷоми нахустин силсиласафараш ба Ховари Миёна, шоми панҷшанбе барои як боздиди дурӯза вориди Олмон шуд. Ӯ рӯзи ҷумъа дар шаҳри Дрезден бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел мулоқот мекунад. Обама ҳамроҳ бо хонум Меркел ба зиндони Бухенвалд, ки дар солҳои Олмони фашистӣ як макони қатли омм буд, сафар мекунанд.
XS
SM
MD
LG