Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳои деҳаи Чек аз Бишкек паноҳ хостанд


Сокинони деҳаи Чеки Қирғизистон, ки бо Андиҷони Узбакистон ҳамҷавор аст, аз раҳбарияти ин кишвар хостаанд, онҳоро ба ҷои амнтаре кӯчонад.

Дар номаи сокинони Чек таъкид шудааст, ки агар президент дархости онҳоро иҷро накунад, дар он сурат даст ба намоишҳои эътирозӣ хоҳанд зад. Як сокини деҳаи Чек, ки худро Ҳасан Тухтасинов муаррифӣ кард, ба бахши қирғизии радиои Озодӣ чунин гуфт, ки президент Боқиев бояд минтақаеро, ки шаҳрвандони Қирғизистон ба сар мебаранд, аз Узбакистони ҳамҷавор кашида гирад.

Мавсуф афзуд, вале агар имкони пас гирифтани ин замин аз даст рафтааст, президенти кишварашро лозим меояд, барои сокинони минтақаи баҳсноки Чек, ки манзили худро тарк карданианд, ҷубронпулӣ пардозад ва онҳоро бо замин таъмин кунад. Ба гуфтаи Ҳасан Тӯхтасинов ин талаби онҳо қонеъ гардонда нашавад, боиси баргузории намоишҳои эътирозии густурда хоҳад шуд.

Адашхон Машрабова, як сокини дигари рустои Чек, мегӯяд, ки бидуни пардохти пули ҷуброн ягон сокини минтақаи баҳсноки Чек наметавонад, ба ҷои дигар кӯчад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин ҳол касе тавони онро надорад, ки бидуни ҷубронпулии ҳукумат дар ҷои дигар барои аъзои хонаводааш манзили нав созад. Ин хонум афзуд, ки зиндагии бо тарсу ҳарос ба дилаш задаст ва мехоҳад, ки аз таҳдидҳои марзбонони кишвари ҳамсоя зудтар наҷот ёбад.

Ба гуфтаи Адашхон Машрабова, агар вазъият ба чунин ҳол давом кунад, ҳодисаи номатлуб рӯй хоҳад дод ва ҳатто хуни ноҳақ хоҳад рехт. Вай мегӯяд, ки сокинони Чек борҳо ба президент Боқиев муроҷиат кардаанд, вале вай то ҳол дар муқобили ин муроҷиатҳои онҳо ягон вокуниш нишон надодааст.

Саломат Аламанов, раиси комиссияи байниҳукуматии таъин ва аломатгузории марзи ҷумҳурии Қирғизистон, мегӯяд, сокинони Чек яке аз ду ҳолатро бояд интихоб кунанд. Ба гуфтаи оқои Аламанов, ҳукумати кишвараш пешниҳод кардааст, ки онҳо метавонанд, барои сукунати доимӣ ба қаламрави Қирғизистон бикӯчанд ва ё шаҳрвандии Узбакистонро бипазиранд.

Саломат Аламанов гуфт, дар ҳамин ҳол миёни рустои Чеки вилояти Ҷалолобод ва деҳаи Янги Чеки вилояти Андиҷон фақат як роҳ убур мекунад, ки хати маши марз маҳсуб мешавад. Вай афзуд, ки аммо барои марзбонони ҳар ду самт иҷоза дода нашудааст, ки бе мувофиқаи тарафайн посгоҳи нав таъсис диҳанд ва дар равуои мардуми ду самти марз мушкилот эҷод кунанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Қирғизистон роҳи дипломатияро пеш гирифтааст, то ки минтақаҳои баҳсноки байни ин кишвар бо Узбакистони ҳамҷавор аз роҳи тафоҳум ҳаллу фасл гардад.
XS
SM
MD
LG