Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созу навои тоҷикӣ дар бозори Черкиз


Дуруд ба дӯстони азизи «Ояндасоз» аз шаҳри Маскав! Дар ин барнома шуморо ба олами созу навои тоҷикии бозори Черкизи пойтахти Русия мебарем.

Дақиқтар, бо ҳам меравем ба тамошои консерти хайриявии ҳунармандони тоҷик, ки дар шабу рӯзи ҷашни ҳимоя аз ҳуқуқи кӯдакон аз ҷониби ширкати ҷадиди ҷаҳонгардии «Авесто Тревел»-и Русия, ки муассисонаш ҷавонони тоҷиканд, баргузор гардид.

Дар ин консерт муҳочирони кории тоҷик аз истеъдоди ҳунармандони гурӯҳи мардумии «Само», Баҳром Ғафурӣ, Дилноза Каримова ва театр-студияи «Ғарибшоҳ Компания», лаззат бурданд. Дар таронаҳои ҳунармандон ва саҳнаҳои ҳаҷвии «Ғарибшоҳ Компания» мавзуи муҳоҷирату баъзе аз мушкилоти марбут ба онҳо равшан инъикос гардид.

Ба гуфти масъулин, даромади аз консерт бадастомада ба суратҳисоби хона-интернати кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ва хонаи кӯдакони навзоди бепарастор, ки аз ҷониби модарони муҳоҷир дар Русия партофта шудаанд, интиқол мегардад.
Фотима Достиева, раиси ширкати ҷаҳонгардии "Авесто тревел" дар Маскав, яке аз ташкилкунандагони консерти хайрия буд
Фотима Достиева, духтари сафири Тоҷикистон дар Русия, ки созмондиҳандаи консерти хайриявии тоҷикӣ дар Маскав ба ҳисоб меравад, мегӯяд, маблағи консерт пас аз омӯзиши вазъи дақиқи хона-интернатҳои пойтахт вобаста ба ниёзмандии онҳо супорида мешавад. Фотима мегӯяд, таҷрибаи кӯмак ба нафарони ниёзманд тариқи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар Русия ва кишварҳои аврупоӣ маъмул аст ва аммо на миёни муҳоҷирони тоҷики муқими Русия.

Ӯ меафзояд, онҳо ба ин васила мехоҳанд барои оғози баргузории чорабиниҳои хайриявӣ миёни тоҷикони Русия замина гузоранд, зеро дар ин шабу рӯзи бӯҳрони молӣ пеш аз ҳама кӯдакон ба кӯмаки молии нафарони аз худ калонсол эҳтиёҷ пайдо мекнунад.

Фотима гуфт, “консерт дар Маскав хубтар аз он гузашт, ки мо интизораш будем. Ин ҳам кӯмак ба кӯдакон аст ва ҳам ба муҳоҷирон. Дар бозору кӯчаҳо вақте, ки ман гаштугузор мекунам мебинам, ки онҳо чӣ гуна бо шавқ таронаҳои ин овозхононро мешунаванд. Баъдан дар Русия ҳоло занон ё бархе аз духтарони тоҷик фарзандони навзоди худро мепартоянд. Ҳар сол шумори ин кӯдакон зиёд мешаванду кам не. Мо ба қадри имкон ба онҳо низ кӯмак мекунем. Ҳоло мо таҳлил мегузаронем, ки ба кадоме аз хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе кӯмак расонем”.

Консерт ҷавонони муҳоҷири тоҷику афғонро, ки ғолибан дар бозори Черкизи Маскав ҳаммолӣ мекунанд, як ҷо ҷамъ оварда буд. Ҳарчанд баромади ҳунармандон ширкатдор барои аксарият писанд омад, аммо бо ин вуҷуд онҳо мегуфтанд, интизори баромади нафарони дигаре буданд, ки қаблан иштироки онҳо низ ваъда дода шуда буд.

Фотима дар ин замина мегӯяд, барои иштирок дар консерти мазкур онҳо ситораҳои дигари эстрадаи тоҷикро низ даъват намуданд, аммо бархе аз онҳо бо сабабҳои гуногун даъваташонро напазируфтаанд. Танҳо Нигина Амонкуловаро таввалуди писари нахустинаш аз сафар боздоштааст.

Фотима гуфт, “мо ба маблағи худамон низ нигоҳ кардем, ки то куҷо ҳаққи заҳмат ва сарфи меҳмонону дигар хараҷоти консертро ҷуброн мекунем. Мо ба бархе аз сарояндаҳое, ки муҳоҷирон хоҳиш карданд, муроҷиат намудем, онҳо чунон маблағе хостанд ки ин маблағро агар ба худи кӯдакон медодем беҳтар мебуд, ё ин ки бар ивази он метавонситем ситораҳои хориҷӣ ба мисли Орашро даъват кунем.”

Фотима Достиева, ҳамроҳи падараш Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия
Вале бо ин вуҷуд ба назар мерасид, ки баромади ҳунармандони ширкатдор дили муҳоҷирони тамошобинро ба шуру шар овард. Навову оҳангҳо ва рақсҳои мавзуни бадахшии гурӯҳи “Само” ҷавононро ба сайри кӯҳҳои баланди Бадахшон бурд. Шавқмаҳмад, навозандаи гурӯҳи ҳунарии “Само”, мегӯяд, онҳо комилан бо истифода аз асбобҳои милли қадимаи тоҷикӣ, ба монанди дафу рубобу сетору най ва ғиҷҷак, намоиши зиндаи мусиқи театриро пешниҳод месозанд.

“Само” се сол қабл дар назди осорхонаи мардумии ба номи Гурминҷ Завқибеков таъсис ёфта, дар тӯли фаъолияти кутоҳи худ аллакай бо даъвати коргардонҳои хориҷӣ дар сафарҳои тӯлонии кишварҳои Амрикову Аврупо фарҳанги тоҷикро муаррифӣ кардаанд. Аммо Шавқмаҳмад мегӯяд, ҳарчанд онҳо барои аввалин бор дар шаҳри Маскав махсус барои муҳоҷирони тоҷик баромад доштанд, вале самимият ва муҳаббати вижаеро аз ҷониби ҷавонони дур аз ватан эҳсос крадаанд:

“Боз баъди ду рӯз мо ба сафари якмоҳа ба Олмон меравем. Дар репертуари мо аз шоирони мардуми ва клоссик таронаҳо мавҷуданд. Албоми нави мо бо ғазали “Бишнав аз най” шурӯъ мешавад. Ҳамчунин мо оҳангҳои кадимаи тоҷикиро низ аз нав зинда кардаем”.

Ҳаҷвнигорони театрстудияи “Ғарибшоҳ компания” баромади худро бо гилае аз хизматрсонии ширкати “Тоҷикэйр” оғоз карданд, ки боиси ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз консерт ба Маскав омаданашон шудааст:

“Мушкили техникӣ гуфта моро фароварданд, гуфтанд, ки як соат пас дуруст мешавад. Аз соати 8 бегоҳ то соати 4.30-и саҳар дар толори интизори нигоҳ карда шиштем. Баъд як масъули хоболуд баромаду гуфт, ки “раветону ҳашти саҳарба бетон”. Хай рафтем, саҳар омадем, ҳоло ҳам запчаст нест. Соз карда натонистиян. Гуфтам, даҳ миллионба “Бойнг” харидед, як халабони нағза харида наметонед? Хайр бад моба оварданд як самолети дигар, дардаша занад Совестки Союза. Бадтар сабабашро фахмидем, ки кадоме корбюратори “Боинг”-ро гирифтасту ҷошба аз “Опел”-а мондаст”.

Дилноза чун ҳамеша бо нозу карашмаи дилбарона бо баробари дар саҳна пайдо шуданаш ба дили ҳамагон оташ афрӯхт. Ӯ мегӯяд, хеле шод аст, ки ҳадди ақал тавассути ҳунар ба кӯдакони ниёзманд кӯмак мерасонанд:

“Мо тӯли чанд сол аст, ки дар чунин маъракаҳо зиёд иштирок мекунем ва ман хурсандам, ки аз тарафи ҳунарам ба онҳо кӯмак мекунам. Одам ҳар чанд имконият дошта бошад чунин кори хайр кардан хуб аст.”

Гуфтанист, таронаи “Муҳоҷирбача”-и Баҳром Ғафуриро ҷавонон рост истода бо қарсакҳои гарму беохири худ пешвоз гирифтанд. Худи Баҳром Ғафурӣ мегӯяд чунин пешвози гарми мухлисонашро интизор набуд:

“Хеле хушҳолам, ки ба ин рӯз расидам. Хеле муддатҳои тӯлонӣ орзу доштам ки ин рӯзро бубинам. Ҷавонони тоҷик дар мусофирӣ бо ранҷу азоб бо обилаи даст, кӯшиш мекунанд, зиндагиро пеш баранд. Хушбахтам, ки барои онҳо имрӯз таронасароӣ кардам”.


Ҳафтаи ҷорӣ барои тоҷикони муқими Маскав ва ҳамчунин бархе аз сокинонаш чун ҳафтаи фарҳанги тоҷикӣ маҳсуб меёфт. Дар ҳамин ҳол Мукарамма Қаюмова, тарроҳи либос, мегӯяд, ин навбат Маскав шоҳиди намоиши навтарини офаридаҳояш гардид, ки бори аввал руйи саҳна омада, фарҳанги тоҷикиро таҷассум карданд:

“Як бахше аз ин либосҳо бахшида ба 3 000-солагии тамаддуни ориёӣ офарида шудаанд, бақия либосҳои навэҷод ороиши хоси миллии тоҷикиро доранд, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар истифода мешаванд”.

Намоиши либосҳои Мукарамма Каюмова дар шоми муаррифии фарҳанги Тоҷикистон дар тарона, рақс, либос ва ғизои миллӣ бахшида ба оғози фаъолияти ширкати нави ҷаҳонгардии “Авесто тревел” ва маҷалаи “Ориҷинал Тоҷикистон” дар меҳмонхонаи “Президент отел”-и Маскав, ки шоҳиди ба имзо расидани Созишномаи сулҳи тоҷикон бо мухолифин буд, баргузор гардид. Фотима Достиева, муассиси ширкати мазкур, мегӯяд, ҳадаф аз ташкили муаррифии Тоҷикистон ҷалби саёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ва кам кардани андешаҳои нодуруст нисбати мардуми тоҷик дар Русия мебошад.

Фотима меафзояд, “мақсад аз муаррифии Тоҷикистон ба тамоми ҷаҳон нишон додани анъанаву расму одатҳои мардуми мо буд. Яъне мо нишон додани будем, ки мо на танҳо мардикор ҳастем, балки Тоҷикистон фарзандони боистеъдоди зиёди худро ба Русияву дигар кшиварҳои ҷаҳон додааст, ки барои пешрафти ин онҳо заҳмат мекашанд. Мо ҷавонон бо таъсиси маҷалла ва ширкати саёҳӣ мехоҳем хориҷиёнро ба Тоҷикистон даъват кунем ва фарҳангу тамадуни хешро аз дидгоҳи худамон ба онҳо нишон диҳем.”

Таронаҳои ҷолиб ва ҳазлҳои шакарини “Ғарибшоҳ компания”-ро аз Ояндасоз мюзик аз тарафи рости ин саҳифа бишнавед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG