Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз даст рафтани умеди пайдо шудани "қутии сиёҳ"


Мақомоти ҳавопаймоии Фаронса мегӯянд, “қуттии сиёҳ”- ҳавопаймои ширкати “Эйр Франс”, ки рӯзи 1 июн бо 228 сарнишинаш дар уқёнуси Атлантик суқут кард, шояд ҳеҷ гоҳ ёфт нашавад. Ин ҳавопаймои навъи Эйрбас А 330,ки дар масири Рио-де-Жанейро – Порис парвоз мекард, рӯзи душанбе тақрибан 650 километр дуртар аз соҳилҳои Бразилия ба зери уқёнус рафт. Муфаттишон умедвор буданд, ки бо кашфи “қуттии сиёҳ”-и ҳавопаймо асрори суқути мармузашро пайдо хоҳанд кард. Мусофирони ҳавопаймои суқуткарда атбоъи дар маҷмӯъ 32 кишвар, вале ағлабаш аз Бразилияву Фаронса буданд.
XS
SM
MD
LG