Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи "Ҷаҳоннамо" дар "Боми ҷаҳон"


Барномаҳои телевизиони «Ҷаҳоннамо» ба хонаҳои сокинони маркази Бадахшон ва навоҳии гирду атрофии он роҳ ёфтанд.

Ба гуфтаи сардори маркази пахши барномаҳои радио ва телевизион Маъқулшо Маъқулшоев, ба манзури пахши барномаҳои «Чаҳоннамо» 20 фиристандаи мавҷи дар манотиқи мухталифи вилоят насб гардиданд. Вай баён дошт, ки қарор аст то охири сол доираи пахши барнома густариш ёфта, аз нисф зиёди сокинон ба он дастрасӣ пайдо мекунанд.

Ба иттилои марказ, айни ҳол доираи пахши барномаҳои шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар ҳудуди Бадахшон ба 99 дарсад, «Сафина» - 75 дарсад ва « Баҳористон» -35 дарсад расонда шудаанд. Масъулини марказ корҳои анҷомдодашударо иқдоми муҳим дар доираи иттилоотонии аҳолӣ ва таъмини бехатарии иттилоотии мардуми вилоят арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи масъулини маркази пахши барномаҳои радио ва телевизион, шароити ҷуцрофии минтақа ба кишварҳои ҳамсоя имконият намедиҳад, ки тавассути фиристандаҳои мавҷӣ бо барномаҳои телевизиониашон вориди фазои иттилоотӣ дар минтақа шуда, ба шабакаҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ дар рақобат қарор гиранд. Гуфта мешавад, ки аммо истифодабарандагони мавҷқабулкунакҳои моҳвораи рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Гулсимо Қурбонҷонова, як сокини ноҳияи Шуғнон, мегӯяд, ки барномаҳои ҷолиб ва диданӣ дар шабакаҳои телевизионии кишвар мухлисони ҳар чи бештар пайдо мекунанд, аммо расимияти зиёд дар барномаҳои иттилоотӣ ва дар бархе аз маворид хусусияти тарғиботӣ доштанашон боис мегардад, ки бинандагон барои ҷустуҷӯи иттилои дакқиқтар ва барномаҳои ҷолибтар ба шабакаҳои бурунмарзӣ рӯ биёваранд.

Ба фикри коршинос Алидоншоҳи Чароғабдол, агарчи дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ дар бархе аз маворид аз саҳар то бегоҳ тарона, мусиқӣ ва рақс дар чархиш аст, аммо ин дилбастагӣ ба санъат аз шуур ва анъанаи миллӣ бар меояд. Вай баён дошт, ки аммо дар истифодаи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар шабакаҳои телеваизионӣ набояд ба ифрот роҳ дода шавад, ба дараҷае ки васоити ахбор хусусиятии иттилоотиашон аз даст бидиҳанд. Ба фикри коршинос, ба заъфи барномаҳо нигоҳ накарда, густариши шабакаҳои телевизионии ватани дар Бадахшон барои такмили забондони ва ташаккули афкори омма дар рӯҳияи худшиносӣ аз аҳамияти қобили мулоҳиза бархурдор будаанд. Вай афзуд, ки забони тоҷикӣ забони коргар, деҳқон, зиёӣ ва мардуми оддӣ буда, бинандагон барномаҳоро бо ин забонро хубтар дарк ва ҳазм мекунанд.

Дар ҳамин ҳол дастраси ба радиои Тоҷикистон 63 дарсадро ташкил дода, бинобар мушкилоти фанни доираи пахши телевизиони Бадахшон ҳануз дар доираи шаҳри Хоруғ маҳдуд мемонад. Мавҷи радиои Бадахшонро алҳол фақат 14 дарсади аҳолии вилоят метавонанд қабул кунанд.
XS
SM
MD
LG