Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони дифоъи ИДМ дар Маскав


Вазирони дифоъи кишварҳои муштаракулманофеъ имрӯз дар Маскав барномаи ҳамкориҳои низомии миёни кишварҳои пасошӯравӣ барои 5 соли оянда, яъне то соли 2015-ро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин қарор аст, дар ин иҷлоси шӯрои вазирони дифоъ, барномаи тамринҳои муштараки кишварҳо барои соли оянда баҳс шавад. Дар Маскав аз ҷумла замону макон ва доманаи машқҳои мавсум ба “Боевое Содружество-2009” баррасӣ хоҳад шуд. Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ 11 кишвар аз 15 кишвари шӯравии собиқ, ба истиснои 3 кишвари соҳили Балтик ва Гурҷистонро, ки соли гузашта дар пайи низоъи низомиаш бо Русия аз ин созмон хориҷ шуд, муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG