Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пораҳои шабеҳ ба ҳавопаймои ғайбзада пайдо шуданд


Ҳавопаймоҳои низомии Бразилия, ки дар болои Уқёнуси Атлантик ҷустуҷӯи ҳавопаймои ғайбзадаи ширкати Air France-ро идома медиҳанд, ахиран пораҳои шабеҳи ҳавопайморо ошкор карданд. Ба иттилоъи низомиёни кишвар, ин пораҳо дар 650 километрии ҷазираи Фернандо де Норония ба чашм расидаанд. Аз ин пеш сарнишинҳои як киштии фаронсавӣ ҳам дар уқёнуси Атлантик пораҳои шабеҳи ҳавопайморо пайдо карда буданд. Ва аммо гуфта мешавад, ки ин пораҳо дар марзҳои обии Сенегал, дар минтақае пайдо шуданд, ки дирӯз сарнишинҳои як ҳавопаймои бразилӣ рӯи об сухторро мушоҳида карда буданд.
Сабабҳои ғайб задани ҳавопаймои ширкати Air France бо 228 мусофиру сарнишин, ки аз шаҳри Рио-де-Жанейро ба Порис парвоз мекард, ҳанӯз маълум нест ва аммо ҳадс зада мешавад, ки он бар асари зарбаи барқ суқут кардааст. Мусофирони ҳавопаймо шаҳрвандони 32 кишвар буданд.
XS
SM
MD
LG