Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқоти байналмилалии «Большой шлем»


Мусобиқоти байналмилалии «Большой шлем» оид ба дзюдо дар шаҳри Маскави Русия бо пирӯзии дастаи мунтахаби Ҷопон ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқот, ки байни мардон ва занон баргузор шуд, 320 варзишгар аз 39 кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Тими ғолиб – Ҷопон 6 медали тилло ва 2 нуқра ба даст овард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дуввум шуд. Дастаи Беларус, ки 1 медали тилло ва 2 нуқра гирифт, ҷои севумро соҳиб гашт.

Ҳамагӣ намояндагони 20 кишвар бо медалҳои мусобиқот мукофотонида шуданд. Вале паҳлавонони тоҷик аз медалҳои ин мусобиқоти пурнуфуз бенасиб монданд.

Ғолибони мусобиқоти байналмилалии «Большой шлем» байни мардон:

60 кг
1. Аванес Давтян (Арманистон)

2. Масааки Фукуока (Ҷопон)
3. Евгений Кудюков (Русия)
3. Беслан Мудранов (Русия)

66 кг
1. Сагаанбатаар Хашбатаар (Муғулистон)

2. Сугой Уриарте (Испания)
3. Кишигбайар Буувейбаатар (Муғулистон)
3. Миклош Унгвари (Маҷористон)

73 кг
1. Ки-чун Ванг (Кореяи Ҷанубӣ)

2. Дирк Ван Тичелт (Белгия)
3. Мансур Исоев (Русия)
3. Атилла Унгвари (Маҷористон)

81 кг
1. Сергей Шунздиков (Беларус)

2. Александр Стяшенко (Беларус)
3. Оле Бифош (Юнон)
3. Дае-нам Сонг (Кореяи Ҷанубӣ)

90 кг
1. Такаши Оно (Ҷопон)

2. Андрей Казусенок (Беларус)
3. Камило Тиаго (Бразилия)
3. Мурат Гасиев (Русия)

100 кг
1. Хи-тай Хванг (Кореяи Ҷанубӣ)

2. Лучиано Корреа (Бразилия)
3. Евгенийс Бородавко (Латвия)
3. Рамадан Дарвиш (Миср)

+ 100 кг
1. Александр Михайлин (Русия)
2. Андреас Тоелзер (Юнон)
3. Барна Бор (Маҷористон)
3. Мартин Падар (Эстония)

Мусобиқаи навбатӣ 4-уму 5-уми июл дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ва сабқати хотимавӣ 12-уму 13-уми декабр дар Токиои Ҷопон баргузор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG