Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико интихоботи Осетияи ҷанубиро маҳкум кард


Амрико низ интихоботи рӯзи якшанбеи парлумонӣ дар вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубиро маҳкум кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Роберт Вуд дар як баёнияи хаттӣ навишт, ки Амрико дар бораи ин “ба ном” интихобот изҳори таассуф мекунад. Ӯ афзуд, ки Вошингтон машрӯъият ва натиҷаҳои интихоботи парлумони Осетияи ҷанубиро эътироф нахоҳад кард. Амрико ин маъракаро ҳамчун аломати иҷтиноб аз масири ҳалли сулҳомез ва бо роҳи гуфтугӯи низоъи Осетияи ҷанубӣ ба қалам дод. Қаблан Иттиҳодияи Аврупо ва Гурҷистон низ раъйгирии гузашта дар Осетияи ҷанубиро ғайриқонунӣ хонда, маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG