Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

400 толибилмро дар Покистон рабуданд


Ҷангиён дастикам 400 толибилм ва корманди як мактаби бачагон дар шимолу ғарби Покистонро рабудаанд. Мақомот мегӯянд, ҳудуди 30 автобусу мошинҳои ҳомили ин толибилмон дар сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони шимолӣ ҳадафи шабехуни афроди мусаллаҳ қарор гирифт. Ба аҳли ҳадди ақал як автобус муяссар шуда, ки аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурда, пулисро аз қазия дар ҷараён бигузоранд. Аксари толибилмони рабудашуда аз 15 то 25 сол дошта, дар як коллеҷи ғайринизомие, ки таҳти идораи артиши Покистон қарор дошт, таҳсили илм мекарданд.
XS
SM
MD
LG