Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷенерал Моторс" расман дархости варшикастагӣ кард


“Ҷенерал Моторс”, бузургтарин ширкати мошинсозии Амрико, расман ҷиҳати варшикаста эълон кардани ин ширкат дархост кардааст. Ин бузургтарин мавриди расвоии молии ширкатҳои саноатӣ дар таърихи Амрико хоҳад шуд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама эълони муфлисии “Ҷенерал Моторс”-ро бахше аз барномаи эҳёи дубораи ин ширкат номид. Давлати Амрико акнун дар ивази 50 миллиард доллар кӯмаки молӣ 60 дарсади саҳмияҳои “Ҷенерал Моторс”-ро ба ихтиёри худ хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG