Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш аз майдони ҷанг бо Толибон


Покистон мегӯяд, бо наздик шудани нерӯгоҳҳои давлатӣ ба як мавзеъи муҳими Толибон дар Водии Свот миёни ду тараф даргириҳои шадиде ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи артиши Покистон, нерӯҳои амниятӣ барои ба даст овардани шаҳри шимолии Чорбоғ дар Водии Свот, амалиётеро оғоз кардаанд ва даргириҳои шадиде дар канораҳои шаҳр идома дорад. Артиши Покистон бо нашрия баёнияе гуфт, дар зарфи 24 соати гузашта 18 ҷангҷӯи Толибонро куштаанд. Нуздаҳ тундрави дигарро дар ноҳияи Бунер воқеъ дар наздикии Свот ҳалок кардаанд. Созмони Милал мегӯяд, бар асари ҷангҳо дар Водии Свот ва атрофи он тақрибан дуввуним миллион нафар аз хонаҳояшон фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG