Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Белгия ба Душанбе омад


Имрӯз, 31-уми май, сарвазири шоҳигарии Белгия Ҳерман ван Ромпей бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар нимаи дуввуми рӯз меҳмони воломақомро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Дар ин дидор мавзӯъи таҳкими равобит миёни Тоҷикистону Белгия ва ҳамчунин Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.

Ба иттилоъи Кумитаи омори Тоҷикистон, тайи чаҳор моҳи аввали соли равон мизони табодули молу коло миёни ду кишвар 600 ҳазор долларро ташкил дод, аз ҷумла, аз Белгия ба Тоҷикистон ба маблағи 584 ҳазор доллар молу мавод ворид шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG