Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мингора ба дасти ҳукуматиён гузашт


Низомиёни Покистон хабар доданд, ки Мингора, бузургтарин шаҳри водии Свотро таҳти назорати комил қарор доданд.

Дар минтақаи Вазиристони ҷанубии Покистон, дар наздикиҳои марз бо Афғонистон, миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” задухурди шадид ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Покистон, дар ин даргирӣ 40 тан аз толибон ва чаҳор сарбози ҳукуматӣ кушта шуданд. Ва аммо ин иттилоъ ҳанӯз аз сӯи манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудааст.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, толибон ба як пойгоҳи ҳукуматии воқеъ дар Вазиристони ҷанубӣ ҳамла карданд ва задухурд тақрибан 8 соат идома дошт.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи расмӣ, амалиёти низомии ҳукумат ба хотири аз байн бурдани гурӯҳҳои “Толибон” дар водии Свот, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон,дар арафаи анҷомёбист. Ҳайати фармондеҳии артиш эълом дошт, ки шаҳри Мингора, маркази водии Свот, таҳти назорати комили нерӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифтааст. Сайид Отар Алӣ, вазири дифоъи Покистон, зимни суханронӣ дар конфаронс оид ба масоили амниятӣ дар Сингапур гуфт, айни ҳол ҳамагӣ 5-10 дарсади иҷрои вазифа боқӣ мондааст ва тайи ду-се рӯзи оянда ҳама нуқтаҳои муқовимат аз байн бурда мешаванд.

Ба иттилоъи Комиссариатии Олии СММ дар умури паноҳандагон, бар асари задухурдҳо миёни артиши Покистон ва мусаллаҳони “Толибон” ҳафтаҳои ахир водии Свот ва манотиқи атрофи онро иҷборан тақрибан якуним миллион нафар тарк намуданд. Рон Редмонд, сухангӯи ин ниҳоди СММ ахиран изҳор намуд, бо шумули 550 ҳазор нафари дигаре, ки бар асари ҷангҳои қаблӣ дар ин минтақа овора шуданд, айни ҳол теъдоди паноҳандагон дар Покистон аз марзи 2 миллион нафар убур кардааст.

Амалиёти густардаи низомӣ алайҳи шӯришиён дар Свот як моҳ қабл баъди он шурӯъ шуд, ки толибон талош карданд манотиқи таҳти нуфузи худро густариш диҳанд.
XS
SM
MD
LG