Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармон дар бораи қарзҳои пахтакорон


Раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи бознигарии шароити пардохти қарзҳои соҳаи пахтапарварӣ дар кишварро содир кард.

Дар тавзеҳи ин фармон гуфта мешавад, он бо ҳадафи рушди соҳаи кишоварзӣ, идомаи ислоҳоти ин соҳа ва дастгирии молиявии воҳидҳои кишоварзӣ имзо шудааст. Бар асоси маълумоти мутахассисон, дар ҳоли ҳозир, қарзи заминҳои кишти пахта наздик ба 600 миллион доллар расидааст.

Ба ин тартиб, барои бозгардони қарзҳои ҷамъшудаи соҳаи пахтакорӣ дар Тоҷикистон то 1 январи соли 2008 чанд роҳу усул пешниҳод шудааст.

Дар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон чанд намуди бозгардони ин қарзҳо аз ҷумла: бо роҳи аз ҳисоб баровардан ё соқит кардан, коҳиш додани ҳаҷми он, ба таъхир гузоштан, тамдиди мӯҳлати пардохти ин қарзҳо зикр шудааст.

Ба ҳукумати Тоҷикистон дастур шудааст, ки давоми як моҳ тартиби ҳаллу фасли ин қарзҳо ва нақшаи иҷрои онро мушаххас созад. Ҳукумат якҷо бо Бонки миллӣ муваззаф шудааст, ба манзури иҷрои ин вазоиф, омӯзиш ва арзёбии пардохти саривақтии қарзҳои сармоягузорон ва раванди аз эътибор соқит кардани ин як ниҳоди вижаеро созмон диҳад.

Масъалаи қарзи соҳаи пахтакории Тоҷикистон дар чанд соли ахир ин соҳаро ба як бахши зиёновари иқтисоди ҷумҳурӣ табдил додааст. Ба ин далел, бештари коршиносон имзои як чунин дастурро, ки битавонад дар ниҳояти амр ба ин масъала рӯшанӣ андозад, мунтазир буданд. Исмоил Талбаков, вакил дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд дастури президент дар ин масъала як каме бо таъхир содир шуд, аммо он боис мешавад, ки мушкилоти мавҷуда роҳи ҳалли худро пайдо кунад. Оқои Талбаков махсусан бар он нукта ишора кард, ки барои сармоягузорони дохилӣ, ки бо пешниҳоди маҳсулоту маводи сӯхт ва техника ба кишоварзон бо нархҳои болотар аз бозорӣ боиси қарздории онҳо шуда буданд, фурсати ҷавоб гуфтан расидааст.

Тибқи маълумоти коршиносон, дар ҳоли ҳозир, арсаи пахтапарварии Тоҷикистон наздики 600 миллион доллари амрикоӣ қарздор шудааст, ки ин дар ҳоли ҳозир ба ҳар гектари замини кишти панба 3000 долларӣ рост меояд. Ва баъди касби истиқлол кишварзони тоҷик натавонистаанд нақшаи давлатии ҷамъоварии пахтаро иҷро кунанд. Соли гузашта танҳо 63 дар сад аз ҳаҷми нақша пахта ҷамъоварӣ шудааст. Ҳарчанд, содироти нахи пахта яке аз манобеи таъминоти бюҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад, ба далели коҳиши ҳосил ва ҳамчунин пойинравии нархи он дар бозори ҷаҳонӣ, давлати Тоҷикистон заминҳои кишти пахтаро дар соли равон бист дар сад коҳиш дод.

Арсаи пахтапарварии Тоҷикистон дар даҳ соли ахир тавассути ширкатҳои сармоягузории дохилӣ маблағгузорӣ мешавад. Ин ширкатҳо бо кафолати Бонки миллӣ аз сармоягузорони хориҷӣ маблағ дарёфт намуда ва бо замми фоизҳо дар ихтиёри деҳқон гузоштанд. Дар натиҷаи муомилоти ношаффоф ва ғайриодилона миёни ширкатҳои фючеристӣ ва воҳидҳои пахтакорӣ ҳаҷми ин қарзҳо сол то сол афзоиш ёфт. Дар ниҳояти амр раисҷумҳур сармоягузории ширкатҳои фючеристӣ ба ин арсаро дар соли гузашта қатъ ва замони пардохти қарзҳои онҳоро ба таъвиқ андохт. Ва ҳукумат маҷбур шуд сармоягузориро ба бахши пахтакорӣ тавассути бонкҳо анҷом диҳад. Ба ин манзур, соли гузашта 140 миллион ва соли равон 180 миллион сомонӣ ба ихтиёри воҳидҳои кишварзӣ гузошта шуд. Аммо аз маблағи соли гузашта ихтисосдода ҳамагӣ ҳудуди чил дар сади он бозгардонида шудааст. Аз ин рӯ, бархе аз коршиносон пешниҳод мекунанд, ки ҳукумат мустақим ва бидуни бонкҳо, ки боз ҳам фоизи худро рӯи маблағ мегузоранд, арсаи пахтапарвариро сармоягузорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG