Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс: Нимҷазираи Корея орӣ аз силоҳи ҳастаӣ бошад


Роберт Гейтс, вазири дифоъи ИМА, ба Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод, ки Вошингтон мавҷудияти силоҳи ҳастаӣ дар дасти Пхенянро таҳаммул нахоҳад кард. Раҳбари Пентагон имрӯз зимни суханронӣ дар конфаронс оид ба масоили амниятӣ дар Сингапур гуфт, ки "сиёсати Иёлоти Муттаҳида тағйир нахурдааст. Ҳадафи мо – халъи комил ва назоратшавандаи силоҳи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аст ва мо бо соҳиби силоҳи атомӣ шудани Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея мувофиқ нахоҳем буд.
Вазири дифоъи Амрико афзуд, ки барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ва амалкарди раҳбарони ин кишвар барои сулҳу амният дар минтақа хатар эҷод мекунанд.
Роберт Гейтс дар чаҳорчӯби нишаст оид ба масоили амниятӣ ҳамроҳ бо ҳамтоҳояш аз Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон асосан мавзӯъи қазияи озмоишҳои ахир аз сӯи Кореяи Шимолӣ, аз ҷумла, озмоиши ахири ҳастаии зеризаминиро баррасӣ кард. Ӯ ҳамчунин аз кишварҳои аврупоӣ ва Чин даъват кард, ки ба талошҳо дар роҳи эҳёи Афғонистон суръат бубахшанд. Сарвари Пентагон, аз ҷумла, изҳор намуд, ки ИМА аз ҳама гуна кумаки Чин ба Афғонистон - ҳам низомӣ ва ҳам мулкӣ истиқбол хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG