Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва ИА ҳамкориҳоро баррасӣ карданд


Имрӯз дар Душанбе дар мулоқоти Сегонаи Иттиҳодияи Аврупо ва ҳайати намояндагии Тоҷикистон масъалаҳои энержии обӣ, идораи умури марбут ба захоири об, барчидани минаҳо дар қаламрави Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ба ҳайати Сегонаи Иттиҳодияи Аврупо Ян Коҳоут-вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Чех, ки раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, Карл Илдт-вазири умури хориҷаи Швеция ва Пэр Морел-фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ шомиланд. Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири умури хориҷаи Тоҷикистон баъд аз мулоқот ба рӯзноманигорон гуфт, сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳамоно кофӣ нест. Дар посух Ян Коҳоут-вазири хориҷаи ҷумҳурии Чех гуфт, Иттиҳодияи Аврупо омода аст дар бахши таҳияи барномаҳои ҳамкории энержӣ ба Тоҷикистон кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG