Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама обурӯи ИМА-ро дар чашми мусалмонҳо беҳтар карданист


Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, ки вай ният дорад суханронии ҳафтаи ояндаи худро дар Миср барои беҳтар кардани обурӯи ИМА дар чашми мусалмонҳои ҷаҳон истифода кунад. Обама гуфт, ки дар нутқи худ вай масъалаи барномаҳои Амрико дар нисбати мусалмонҳои ҷаҳон ва саҳми пайравони дини Исломро дар ИМА матраҳ хоҳад кард. Вай гуфт, ки ба нақши сулҳ дар Ховари Миёна ва ҳамгироии кишварҳои минтақа таъкид карданист.
XS
SM
MD
LG