Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ "Опел" мехарад?


Музокироти фурӯши ширкати мошинсозии “Опел” ба нокомӣ мунҷар шуд ва то ҳол маълум нест, ки ин бахши аврупоии "Ҷенерал Моторс"-ро дар ниҳоят кӣ хоҳад харид?

Барои “Ҷенерал Моторс”то 1 июн фурсат додаанд, ки ё ислоҳоти сохториашро анҷом бидиҳад ваё варшикаста эълон шавад. Олмон ба ин хотир талош дорад, то анҷоми ин зарбулаҷали барои молики феълии “Опел” эълоншуда барои ин ширкати бузурги мошинсозиаш ягон харидори беҳтар пайдо кунад. Ҳазорон коргари корхонаҳои мошинсозии “Ҷенерал Моторс”дар саросари қораи Аврупо мунтазир нишастаанд, ки оё сарнавишти “Опел” ва ба ин тартиб сарнавишти худи онҳо чӣ хоҳад шуд?

Нишасти Берлин ҳам аъзои кобинаи вазирони Олмон, ҳам намояндагони “Ҷенерал Моторс”ва ҳам довталабони харидории ширкати
“Ҷенерал Моторс”талаби қарзи кӯтоҳмуддаташро афзоиш дод. Вале давлати федеролии Олмон қодир ба иҷрои ин талаб нест.
Опелро гирди ҳам овард. Ҳадаф аз ин нишаст даст ёфтан ба як муомила ба хотири ҳифзи “Опел” дар пайи маълум шудани сарнавишти молики кунуниаш – ширкати амрикоии “Ҷенерал Моторс”буд. Ва давлати Олмон бояд ба дунбол эълон мекард, ки дар мавриди фурӯши “Опел” оё ба кадоме аз ширкатҳои довталаб бартарӣ медиҳад?

Аммо дар пайи музокироте, ки тамоми шаби чоршанбе ба панҷшанбе идома кард, ҷонибҳо эълон карданд, ки то ҳол ба ягон тавофуқе дар ин замина даст наёфтаанд. Вазири молияи Олмон Пир Штейнбрук ширкати Ҷенерал Моторсро айбдор кард, ки дар лаҳзаи охир талаби нав пеш гузоштааст: “Ин ба талаби иловагии ҷониби Амрико бастагӣ дорад. Тавре ҳам ки интизор доштем, “Ҷенерал Моторс”талаби қарзи кӯтоҳмуддаташро афзоиш дод. Вале давлати федеролии Олмон қодир ба иҷрои ин талаб нест. Ин мушкил бояд билофосила ҳалл шавад. Вале ба ҷойи ин, талаби ғайричашмдошт пеш омад ва дақиқан соати ҳашти шом аз мо чунин тақозо шуд ва таърихи рӯзи пардохташ низ чунон кӯтоҳ буд, ки мо онро як талаби ноҷо меҳисобем.”

Бахши аврупоии “Ҷенерал Моторс”дар чаҳорчӯби барномаи саросарии ислоҳоти сохтории бахши аслии ин ширкат дар Амрико фурӯхта мешавад. Давлати Амрико ба ин ширкат барои анҷоми ислоҳоти сохторӣ то 1 июн фурсат дода, гуфтааст, вагарна “Ҷенерал Моторс”ба хатари варшикастагӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Ва эҳтимоли расвоии “Ҷенерал Моторс”акнун ҳарчӣ бештар мешавад, чунки рӯзи чоршанбе қарздиҳандагони “Ҷенерал Моторс” пешниҳоди табдили қарзҳои онҳо ба саҳмияҳои ин ширкатро радд карданд.

Ин хабар низ ба оташи музокироти фурӯши ширкати “Опел” равғани бештар рехт. Интихоби як харидори ниҳоӣ барои ин ширкат, ки бахши аъзами корхонаҷоташ дар Олмон воқеъ аст, метавонад чанд моҳи дигарро дар бар бигирад. Ба ин далел давлати Олмон пешниҳод карда, ки Опелро ба гарав гузошта, бо ин васила барояш 1,5 миллиард евро қарзи муваққати давлатӣ дарёфт кунанд. Ин имкон хоҳад дод, то музокиротро бо хоҳишмандони харидории ширкат идома дода, ба гуфтаи як мақоми Опел, аз ғарқ шудани ин ширкат дар дарёи варшикастагии эҳтимолии “Ҷенерал Моторс” ҷилавгирӣ кунанд.

Дар пайи хуруҷи ширкати RHJ International аз сабқат, акнун танҳо ду ширкат – ширкати мошинсозии "Фиат"-и Итолиё ва ширкати муштараки австриёиву канадоии "Магна" ки махсуси тавлиди қисмҳои эҳтиётӣ барои саноати мошинсозист, муборизаро барои харидории “Опел” идома медиҳанд. Магна, ки гуфта мешавад, мақомоти Олмон низ ба он бартарӣ медиҳанд, мехоҳад "Опел"-ро муштаракан бо корхонаи мошинсозии ГАЗ ва Сбербанки Русия харидорӣ кунад.

Бо ин ҳол, коргарони корхонаи мошинсозии “Опел” дар шаҳри Русселшейми Олмон нисбат ба ояндаи ин ширкат эҳсоси мухталиф доранд. Йохен Ҳилл, барои мисол, дар ин мавзӯъ хеле хушбин аст: “Табъи мо хуш аст. Навъи мошине, ки мо тавлид мекунем, хуб аст ва мо умедворем, ки дар ин бозор бимонем.”

Аммо як коргари дигари ин корхона мегӯяд, таҳаввулоти ахир онҳоро дар ҳоли нигаронӣ нигоҳ медорад: “Мо дар ин бора аслан чизе намедонем. Ин мавзӯъ то ҳол махфӣ нигоҳ дошта мешуд. Ё ин кор мекунад ваё ин бомб дар ниҳот хоҳад таркид ва ҳама чиз рӯи об хоҳад баромад.”

Дар корхонаҳои аврупоии Ҷенерал Моторс, ки дар кишварҳое мисли Бритониёву Испания ва Шветсияву Русияву ғайра доман густурдаанд, феълан беш аз 54 000 нафар кор мекунанд. Тақрибан нисфи ин мардум дар корхонаҳои олмонии "Ҷенерал Моторс", аз ҷумла дар "Опел", машғули фаъолиятанд. Вале нақши пешбарандаи Олмон дар амри наҷоти корхонаҳои аврупоии “Ҷенерал Моторс” дар кишварҳои дигари дахил нигарониҳоеро ба бор оварда, ки дар ниҳоят танҳо ҷойҳои корӣ дар Олмон ҳифз шуда, дар кишварҳои дигар баръакс ихтисор хоҳанд шуд. Ва шояд ба хотири расидагӣ ба ҳамин нигарониҳо Куммиссиюни Аврупо нишасти вазирони иқтисод ва тиҷорати ин қораро даъват кардааст, ки рӯзи ҷумъа ба сарнавишти “Опел” хоҳад пардохт.
XS
SM
MD
LG