Ҳарчанд мудирони ширкатҳо натавонистанд дили вакилони эҳтиёткори конгресси Амрико ба даст оранд, аммо ба ҳар сурат конгресс аз онҳо хост, то собит кунанд, ки месазад, то барои наҷоти саноати мошинсозии дар вартаи ҳалокати Амрико пул ихтисос дода шавад.
Дар тӯли як асри мавҷудияти худ бори аввал аст, ки мошинсозони Амрико худро дар ҳоли баде дарёфтаанд ва барои наҷоти хеш аз ҳукумат кӯмаки молӣ илтиҷо доранд. Мудирони ширкатҳои Ҷенерал Моторс, Форд ва Крайслер дар ҳузури вакилони конгресс гуфтанд, дар сурати муфлис шудани ин ширкатҳо, тамоми иқтисоди Амрико ранҷ хоҳад кашид. Дар ҳоле, ки захираҳои пули ҳар се ширкат дар ҳоли тамом шудан аст ва мошинҳояшон низ харидори зиёд надоранд, ин се бародари бузург мегӯянд, 25 миллиард доллар кӯмаки молӣ онҳоро аз шикаст наҷот хоҳад дод.
Мудири ширкати Форд, Алан Муллалӣ - ки мошинҳои он ширкат дар Тоҷикистон низ кам нест, дар ҳузури вакилони Кумитаи умури бонкӣ, манзил ва шаҳрсозии конгресси Амрико вазъи бади ширкатҳоро чунин шарҳ дод: «Ду масъалаи бунёдие аст, ки мо бо он имрӯз расидагӣ мекунем. Нахуст масъалаи рақобатпазирӣ ва ояндаи босуботи саноати мошинсозии дохилист. Дуввум ихтисоси қарзи давлат дар ин давраи душвор барои кишвари мо беҳтар аз беамалист. Ба эътиқоди ман посухи ин ҳарду мусбат аст».
Вале Алан Муллалӣ ва ҳамкоронаш бо вакилоне рӯ ба рӯ шуданд, ки итминон надоранд, ки кӯмаки давлат ин ширкатҳоро наҷот хоҳад дод ва зоҳиран то як ҳафтаи дигар мунтазир мемонанд, то конгресси Амрико қароре қабул кунад. Аксарияти вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мехоҳанд, барои Форд, Ҷенерал Моторс ва Крайслер 25 миллиард доллар ихтисос дода шавад, то онҳо мошинҳои беҳтару безарартар барои муҳити зист тавлид намоянд.
Баъзе вакилони демократ мехоҳанд, то аз ҳисоби 700 миллиард долларе, ки Бонки Марказии Амрико барои наҷоти муассисаҳои молӣ ихтисос додааст, ба ширкатҳои мошинсозӣ ҳам дода шавад. Вале теъдоде аз вакилони демократу ҷумҳурихоҳ мегӯянд, ихтисоси маблағ кори беҳуда аст, зеро ин миллиардҳо доллари кӯмак шикасти ногузири ширкатҳоро фақат ба таъхир меандозад.
Рафтори худи ширкатҳои мошинсозии Амрико ҳам сабаби беитминонии вакилон шудааст. Ба гуфтаи мунтақидон дар ҳоле, ки ширкатҳои хориҷӣ бо тавлиди мошинҳои хурд ва дорои фанновариҳои муосир бозорҳоро аз худ мекарданд, Форду Ҷенерал Моторс ва Крайслер тавлиди мошинҳои баднафси бузургу борбари хусусиро идома доданд, ки дар замони бӯҳрони иқтисодӣ ва парвози нарзи бензин ҳама аз онҳо безоранд.
Ҳарчанд амрикоиҳо ин навъи мошинҳоро дӯст медоранд ва барои ҳаракат дар роҳҳои васеъу ҳамвори Амрико чунин мошинҳо мувофиқанд, аммо ширкатҳои мошинсозӣ интизор надоштанд, ки тағйири қимати бензин бозори онҳоро хароб мекунад.
Линда Маддокс профессори умури фурӯш ва тарғиб дар бозор аз Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон ба ин гуфта мувофиқ аст, вале ба қавли ӯ бояд барои наҷоти ширкатҳои мошинсоии Амрико коре карда шавад. Ба гуфтаи ӯ дар сурати бечора шудани ин ширкатҳо на танҳо ҳазорон нафар бекор мемонанд, балки ҳоли муассисаҳои азими дигар, ки пойбанди ширкатҳои мошинсозӣ ҳастанд, бад хоҳад шуд. Яъне дар сурати афтидани Ҷенерал Моторс, даҳҳо ширкати дигар пешпо мехӯранду аз ҳам мепошанд.
Ҳама осеб мебинанд, аз ширкатҳои тавлиди қисмҳои эҳтиётӣ сар карда то саноати тарғибу реклама. Ширкати Ҷенерал Моторс, яке аз бузургтарин ширкатҳое буд, ки барои тарғиби молаш на танҳо дар расонаҳои кишвар балки дар расонаҳои ҷаҳон пули бисёре сарф мекард. Таъсири шикасти он бешубҳа мисли таъсири афтидани донаи домино хоҳад буд.
Як роҳе, ки иқтисоддонон пешниҳод мекунанд, эъломи муфлисӣ кардани ҳар се ширкат аст, ки дар ин ҳол онҳо ба қавле зинда мемонанд, қарзашонро кам мекунанд ва аз нав бо талаботи бозор тавлидотро ба роҳ монда ва вазъи худро беҳтар мекунанд. Аммо мудирони ширкатҳои Ҷенерал Моторс, Форд ва Крайслер зоҳиран ин роҳро намехоҳанд, ки барои пурсидани 25 миллиард доллар ин дафъа вакилони Маҷлиси Намояндагони Амрикро илтиҷо мекунанд.
Оставьте в покое этот народ! Дайте им жить спокойно и мирно.
Пешво иктисоди оиларо дар назар дорад, вагарна зиёда 9% рушди иктисоди дар ягон мамлакати тараккикардаи дунё дар соли 2021 мушохида нашудаст. Бо ин хисоботхои дуруг ва рушди бемисли иктисод мо кайхо бояд Сигапурро мегузаштем, вале аз чи бошад ки точики бечора холо хам дар фикри орду равган ...
Дар Ватан одамон мурдаистодан , дар хукумат мачлис .... Как буд то дар Бадахшон 4 то пашша мурда бошад (((( Инкадар куштор , инкадар хуни мардуми бегунохро ки чавоб мегуфта бошад ?!
Ҳаққи ҳалоли халқи тоҷикро сӣ сол шуд, ки мехӯрам, аҳ сер намешавам, ба ман фарқе надорад, кӣ дар куҷо чӣ кор мекунад, муҳим ҳаққи худро талаб накунад, талаб ҳам кунад, артиши сархӯр дар ихтиёрам, фармон медиҳам якдигарро мехӯранд, аммо ман бо тӯдаи пайвандонам ҳаққи ҳамаро якҷо мехӯрем. Ҳар фарди ин миллат кушта шавад, ба нафси ман ҳаққи нав илова мешавад, аз сулҳу ваҳдат фақат худам истифода мебарам, аз сарқонун фақат худам истифода мебарам, аз ҳама шароите маъишӣ фақат худам истифода мебарам, дар беҳтарин шароит, дар беҳтарин хона, дар беҳтарин “кругозор” зиндагӣ мекунам. Халқро садқаи ҳаққу ҳуқуқ кунад, як подаи гов, шуморо чиву серию пурӣ чӣ?! Ба умри ман баракат диҳед!
Чаро ин хабархо дар телевизион пахш нашуд? Чои русти дорад магар? Хайрон мешавам баъзе яку якбора чунин ходисахоро хонда