Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомади боришот ба кишоварзони Хатлон


Дар вилояти Хатлон дар шабу рӯзҳои борону жола дар маҷмӯъ беш аз 15 дар сади пахтаи киштшуда баробар ба 16,5 ҳазор ҳектор комилан талаф ёфтааст. Ҳамин гуна, 7,5 дар сади майдонҳои кишти сабзиҷот, беш аз ҳафт дарсад замини картошка ва камтар аз ҳафт дарсад кишти полезӣ аз даст рафтааст.

Сурайё Қосимова, сокини ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар, дар бозори марказии Қӯрғонтеппа ба тиҷорати помидору бодиринг машғул буда, ҳамчунин дар замини назди ҳавлияш картошка парвариш мекунад. Аммо бар асари боришоти шадиди моҳҳои ахир ҳосили киштааш талаф ёфтааст.

Хонум Қосимова аз ягона ва охирин кишоварзоне нест, ки дар пайи офоти табиии баҳори имсола аз ҳосили заминҳои киштшуда маҳрум шудааст. Ба гуфтаи Саъдулло Бекназаров, раиси идораи кишоварзии вилояти Хатлон, бештар аз ҳама заминҳои киштшуда дар навоҳии водии Вахш хароб шудаанд:

«Заминҳои кишти навоҳии Шаҳритус, Носири Хусрав, Панҷ, Қубодиён, Восеъ бештар аз ҳама зарар дидаанд. То 30 фоизи ҳосили кишт комилан аз даст рафтааст. Зиёда аз 16 ҳазор гектар фақат кишти пахтаро мо бояд дубора анҷом диҳем, зеро ҳама хароб шудааст. Анҷоми ин кор барои вилоят ва кишоварзон хеле мушкил аст».

Ин ҳам дар ҳолест, ки бориши борону жола ниҳолу дарахтонро хароб карда, боис ба талаф шудани ҳосили меваҷот шудааст. Тибқи арзёбиҳои муқадамотӣ, дар Хатлон бар асари офати табиӣ имсол 341 ҳектор боғи меваҳо ва 1138 ҳектор токзор тахриб шудааст.
Чамангул Абдусаломова, коршиноси маъруфи кишоварзӣ, болоравии қимати маҳсулоти мевагиро дар куллия бозору фурӯшгоҳҳои кишвар дар давоми сол пешгӯӣ мекунад:

«Ба нархи меваҷот таъсир мерасонад. Чунки борону жола дар мавсими ғӯррабандӣ ва афзоиши гулҳо борид. Албатта, асароти манфии ин ҳол ба қимати маҳсулоти мевагӣ дар бозор эҳсос хоҳад шуд».

Аммо болоравии қиммати меваҷот дар Хатлон аз ҳоло ба мушоҳада мерасад. Масалан, дар бозори марказии Қӯрғонтеппа як кило гелос аз 10 то 15 сомонӣ, қулфинай 5-7 сомонӣ, зардолу 3-8 сомонӣ, тарбуз аз 25 то 50 сомонӣ арзиш дорад.

Аммо мақомоти идораи кишоварзӣ аз хабари дигари маркази ҳавошиносӣ нигаронанд, ки мегӯяд, то охири моҳи май бориши навбатии борон ва жола дар қаламрави водии Вахш дар назар аст. Саъдулло Бекназаров, раиси идораи кишоварзии Хатлон, мегӯяд, мақомот дар амри пешгирӣ аз тахрибшавии заминҳои киштшуда имрӯз оҷизанд:

«Дар давраи Шӯравӣ «градобой» ё дастгоҳҳои абрпарокан мавҷуд буд, ки тӯдаҳои ҷамъшудаи абрро аз замин дар осмон бо ҳарорати то се ҳазор дараҷа пош медод, жоларо об карда ба борон бадал медод, то ки ҳосили кишт талаф наёбад. Аммо ҳоло мо чунин дастгоҳҳо надорем ва дар баробари ҳаводиси табиӣ оҷизем».

Ҳаҷми хисороти расида бар асари боришоти ахир ба соҳаи кишоварзии ҷануби Тоҷикистон наздик ба 16 миллион доллари амрикоӣ ҳисоб шудааст.

Мақомоти Хатлон ба кишоварзони маҳаллӣ тавсия додаанд, то якуми июн кишти такрории пахта ва баъзе сабзиҷоту полезии зудрасро ба роҳ монда, ҳосил рӯёнанд. Аммо умури киштукор ва харидории тухмии ин масолеҳ бо кадом маблағ анҷом мешавад, суоли дигар аст. Зеро аксари кишоварзон аз бонкҳо маблағи қарзӣ дарёфт ва бонкҳо барои кишти такрорӣ маблағи изофӣ ироа намекардаанд.
XS
SM
MD
LG