Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Русия аз вазъ дар нимҷазираи Корея


Русия эълом дошт, ки ба сабаби муташанниҷ шудани вазъ дар нимҷазираи Корея аз чораҳои иловагии амниятӣ кор мегирад. Ба иттилоъи Ситоди Генералии артиши Русия, хадамоти низомии кашф вазъ дар ин нимҷазираро дар мадди назар қарор додааст.
Имрӯз Кореяи шимолӣ ба ҳамсояи ҷанубии худ таҳдиди ҷанг кард. Ин таҳдид баъди он садо дод, ки Кореяи Ҷанубӣ ба барномаи ИМА оид ба боздошти киштиҳои низомии гумонбар дар интиқоли мавод барои сохтани силоҳи қатли ом ҳамроҳ шуд. Тибқи ин барнома, ҳама киштиҳои, ба истилоҳ, шубҳабарангез мавриди тафтиши низомиён қарор мегиранд. Пхенян эълом дошт, ки боздошту бозҷӯии киштиҳояшро таҳаммул нахоҳад кард ва онро мусовӣ ба эълони ҷанг мехонад.
Гуфта мешавад, ки Кореяи Шимолӣ ҳамчунин созиши сулҳи соли 1953-ро якҷониба лағв кард, созишеро, ки беш аз ним аср пеш ба ҷанг дар нимҷазира хотима гузошт ва онро ба ду бахш Шимолии коммунистӣ ва ҷанубии ғарбгаро қисмат карда буд.
XS
SM
MD
LG