Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати истгоҳи кайҳоннавардӣ зиёд мешавад


Истгоҳи байналмилалии кайҳон ҳайати кайҳоннавардонро ду баробар зиёд карда шумори онҳоро то шаш нафар мерасонад. Имрӯз қарор аст аз истгоҳи Байканури Қазоқистон кайҳоннавардоне аз Русия, Канада ва Белгия барои корҳои таҳқиқотӣ ба истгоҳи кайҳонӣ фиристода шаванд. Кайҳоннаварди канадаӣ Боб Сирск гуфт, ки афзоиши шумори ҳайати муҳаққиқон далели ин аст, ки истгоҳи кайҳонӣ тавони кӯмак ба кори дарозмуддати ин нафаронро дорад.
XS
SM
MD
LG