Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ 2 мушаки кӯтоҳбурд партоб кард


Имрӯз Кориеяи Шимолӣ ду мушаки кӯтоҳбурди худро озмоиш додааст. Як рӯзи пеш ин кишвар озмоиши ҳастаӣ анҷом дод. Хабаргузории Йоҳапи Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, ки яке аз ин мушакҳо мушаки замин ба ҳаво ва дигараш мушаки замин ба киштиҳо будааст. Озмоиши ин ду мушак дар соҳили шарқии Кореяи Шимолӣ анҷом гирифтааст. Бурди ҳар як аз ин мушакҳо тақрибан 130 километрро ташкил медиҳад. Партоби ин ду мушак дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки рӯзи душанбе Шӯрои Амнияти СММ озмоиши ҳастаии зерзаминии Кореяи Шимолиро қотеъона маҳкум кард. Эрон низ ин дафъа садо баланд кард ва гуфт, Эрон дар ин замина бо Кореяи Шимолӣ ҳамкорӣ надоштааст. Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон гуфт:

"Мо ҳич ҳамкорӣ дар ин замина бо ҳам надорем. Мо мухолифи густариши аслиҳаи ҳастаӣ ҳастем, мухолифи тавлиду амбошти он ҳастем. Инро ҳам борҳо эълон кардаем".

Хонум Сусан Райс-намояндаи Амрико дар СММ гуфт, "Амрико хостори тасвиби қатъномаи қотеъ бо тадбирҳои қотеъ хоҳад шуд".
XS
SM
MD
LG