Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор ва тирандозӣ дар Узбакистон


Светлана Ортиқова-сухангӯи Додситонии Кулли Узбакистон гуфтааст, гурӯҳе аз афроди номаълум дар наздикии шаҳраки Хонобод шаби гузашта ба посгоҳи марзӣ ҳамла кардаанд. Вай ба радиои Озодӣ гуфтааст, тирандозӣ ва дастикам як инфиҷор рух додааст ва талафоти он рӯшан нест. Нируҳои марзбонии Узбакистон дар як хабари матбуотӣ гуфтаанд, ки баъд аз инфиҷор ва тирандозӣ дар наздикии шаҳраки Хонобод тадобири амнияти убуру мурур аз марзи миёни Узбакистону Қирғизистон ҷорӣ шудааст. Қаблан мақомоти расмии Қирғизистон хабар доданд, ки бино ба дархости ҷониби Ӯзбакистон марзро бастаанд. Сокинони шаҳраки Андиҷон, воқеъ дар 80- километрии Хонобод ба радиои Озодӣ гуфтаанд, онҳо субҳи имрӯз, дастикам, садои як инфиҷорро шунидаанд ва афзоиши ҳузури низомиёнро дар шаҳраки худ мушоҳида кардаанд.
XS
SM
MD
LG