Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод дигар музокира нахоҳад кард


Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки аз ин ба баъд дигар ҳама музокираҳои ҳастаӣ бар сари барномаи баҳсбарангези атомии Теҳрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ хотима меёбад. Дар як нишасти матбуотии Теҳрон Аҳмадинажод гуфт, ки мавзӯи баҳсҳои ҳастаӣ барои Эрон дигар тамом шуд ва аз имрӯз иборатан Теҳрон танҳо бо созмонҳои дахлдори мисли Оҷонси байналмилалии нирӯи ҳастаӣ, вобаста ба СММ, барои баррасии ин мавзӯъ сари мизи гуфтушунид менишинад. Шурӯъ аз моҳи сентябри соли гузашта ҳама музокираҳо бар сари барномаи ҳастаии Теҳрон миёни Эрон ва панҷ узви доимии Шӯрои амният ба ҷамъи Олмон мутаваққиф шудааст.
XS
SM
MD
LG