Ба гуфтаи Сергей Сидоров, дар ҳамин ҳол, вазъият дар маҳбаси рақами 31 комилан таҳти назорат қарор дорад ва баъди гуфтугӯ бо маҳбусоне, ки ба қасди гуруснанишинӣ ҳатто лабони худро дӯхта буданд, тартибот ҷорӣ гаштааст.
Ин ҳодисаи нахустини даст ба тазоҳурот ва гуруснанишинӣ задани зиндониёни маҳбаси рақами 31 нест. Бори аввал моҳи октябри соли 2005 дар ин маҳбас тазоҳуроти густурдае рух дод. Як гурӯҳ депутатҳои парлумонтаҳти раҳбарии Тиничбек Ахмадбоев ба хотири пасанда кардани оташи қаҳру ғазаби маҳбусон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Якбора садои тирпарронӣ шурӯъ шуд ва чаҳор нафар, аз ҷумла, депутат Тиничбек Аҳмадбоев ва сардори раёсати назорати иҷрои ҷазои вазорати адлия дар бар асари ин тарпарронӣ кушта шуданд. Дар соли равон бори дуввум аст, ки маҳбусони зиндони рақами 31 даст ба гуруснанишинӣ заданд ва ин бор низ аксуламали онҳо бидуни ҳодисаи ғайричашмдошт хотима ёфт.
Ба гуфтаи иддае аз коршиносони маҳаллӣ, дар маҳбасҳои Қирғизистон шароити хеле ногувор ҳукмфармост. Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ба ин далел мақомоти вазорати адлияи кишварашон ҳамеша нигаронанд, ки ҳодисаҳои даст ба тазоҳуроту гуруснанишиниҳои густурда задани маҳбусон ҳаргиз аз эҳтимол холӣ нест. Ба таъкиди ин коршиносон, вале ин мақомот дар мавриди беҳбуди вазъи зиндонҳо ягон иқдомоти ҷиддиро мадди назар нагирифтаанд.