Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: Натоиҷи бозиҳои даври ҳаштум


Бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 23-юм ва 24-уми май баргузор шуданд.

Дар чаҳор дидор мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд ва як бозӣ бo натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

"Вахш" 2-0 "Парвоз"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00


«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ – варзишгоҳи «Пахтакор» - яке аз ҳарифони аслиаш - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Бояд гуфт, ки ин аввалин бохти «Парвоз» дар мусобиқаи имсола мебошад. Ду голро ҳамлагар Нӯъмонҷон Ҳакимов, нишонзани беҳтарини мусобиқа, дар дақиқаҳои 18-ум ва 87-ум ба самар расонд. Пас аз голи дуввум ду нафар бозигарони «Парвоз» Асадулло Нуруллоев ва Сӯҳроб Эгамбердиев барои бо пой задани сардовар Олим Норбоев аз майдон ронда шуданд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар варзишгоҳи «Спартак» дастаи меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голи аввалро Пирмурод Бурҳонов дар дақиқаи 52-юм ва голи дуввумро Ҳусейн Ҷалолов дар дақиқаи 83-юм заданд.

Бозии дигари даври 8-ум дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар байни тими мизбон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид. Хуршед Маҳмудов, капитани «Регар» ТадАЗ, дар дақиқаи 78-ум ҳисобро боз кард. Баъди 10 дақиқа капитани мизбонон Юсуф Рабиев ҳисобро баробар намуд.

«Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ «Спитамен»-и ноҳияи Спитаменро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Бозигарони дастаи мизбон Наврӯз Рустамов (дақиқаи 5-ум), Исмоил Шонов (26-ум ва 39-ум), Бахтиёр Азизов (60-ум) ва як голи меҳмононро Фарҳод Ҳикматуллоев (45-ум) ба самар расонданд.

«Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти кишвар бар «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби рекордии 7:1 ғалаба кард. Дар ин бозӣ Сӯҳроб Ҳамидов ду гол (32-юм ва 61-ум), Обид Исмоилов (10-ум), Расул Файзов (34-ум), Алишер Улмасов (39-ум), Низом Раҳимов (66-ум) ва Шодибек Ғаффоров (85-ум) якголӣ заданд. Як голи «Гвардия» ба Фирдавс Нуров (57-ум) марбут аст.

Бад-ин тартиб, пеш аз бозиҳои даври охирин дастаи «Вахш» бо 22 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. «Вахш» ягона дастаест, ки ба мағлубият дучор нашудааст. «Хуҷанд» бо 19 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» бо 14-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чаҳорум ҷойгиранд. Вале «Регар» як бозӣ камтар анҷом додааст. «Парвоз» бо 13 имтиёз мавқеъашро дар зинаи панҷум нигаҳ дошт.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди даври 8-ум

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

8

7

1

0

17-5

22

2.

«Хуҷанд»

8

6

1

1

19-6

19

3.

«Регар» ТадАЗ

7

4

2

1

13-7

14

4.

«Истиқлол»

8

4

2

2

14-11

14

5.

«Парвоз»

8

3

4

1

11-7

13

6.

«Равшан»

8

2

2

4

13-15

8

7.

«Энергетик»

8

2

1

5

19-16

7

8.

«Спитамен»

7

1

3

3

7-12

6

9.

CСKA «Помир»

8

0

2

6

6-17

2

10.

«Гвардия»

8

0

2

6

2-28

2


Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов («Вахш») – 7 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 6 гол, Баҳодур Шарифов («Хуҷанд») ва Юсуф Рабиев («Истиқлол») - 5-голӣ.

Бозиҳои даври 9-ум: 30-юми май – ССКА «Помир» - «Энергетик», «Спитамен» - «Истиқлол», 31-уми май - «Гвардия» - «Равшан», «Парвоз» - «Хуҷанд», «Регар» ТадАЗ - «Вахш».
XS
SM
MD
LG