Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озариҳои Эрон аз Хотамӣ ранҷиданд


Дар Эрон садҳо донишҷӯёни озарбойҷонӣ ба нишони эътироз аз таҳқири миллии худ раҳпаймоӣ намуданд. Бахши озарии радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки эътирозҳо баъди он сар зад, ки дар навори видеоии сомонаи YouTube раиси ҷумҳурии пешини Эрон Муҳаммади Хотамӣ дар ҳақи озарбойҷониҳои ин кишвар як латифаи таҳқиромез гуфтааст. Оқои Хотамӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон аз номзади ислоҳотхоҳ Мирҳусайн Мусаввӣ ҷонибдорӣ мекунад ва шӯхии мазкур ҳам дар яке аз чунин мулоқотҳо бо тарафдоронаш дар пешорӯи интихобот садо додааст.
XS
SM
MD
LG