Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти шоире, ки бо таронаҳояш моро пайванд медод


Имрӯз дар шаҳри Душанбе Абдулло Қодирӣ-шоири мумтоз ва дӯстоштаи мардум дар синни 73-солагӣ аз бемории сактаи қалбӣ даргузашт. Абдулло Қодирӣ аз ҷумлаи шоирони камназири Тоҷикистон буд, ки маҳбубтарин ҳунармандони шарқ Аҳмад Зоҳир, Гугуш ва Кароматулло бар ашъори вай оҳанг офаридаанд ва ин таронаҳо вирди забони ҳаводорони ҳунари овозхонӣ шудааст. Вале нуктаи муҳим ин аст, ки кам касон дар Афғонистону Эрон ё Тоҷикистон медонистанд, ки ҳамин оҳангҳои дустдошта ба қалами шоъири акнун зиндаёд Абдулло Қодирӣ мансуб аст. "Нигори нозанин", "Аз он лабон бӯса бидеҳ, дили маро ғусса мадеҳ", "Санги мазорам" "Аввалин ишқам ту будӣ" аз ҷумлаи навиштаҳои ин шоири тоҷик аст.
XS
SM
MD
LG